Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 июл 2017, 21:40

Раиси САҲА дар ҳузури президент

16 май 2011, 05:40

Пас аз чанд лаҳза президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон райиси давраии САҲА, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалисро ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҷаноби Ажубалис барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Душанбе шуда, интизор меравад мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Шукурҷон Зуҳуров низ сурат пазирад. Барномаи ташрифи райиси САҲА, инчунин аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.

Маврид ба ёдоварист, қабл аз ворид шуданаш ба Душанбе Ажубалис бо ироаи як баёния аз ҷумла навишт, ки ман ҳукумати Тоҷикистонро дар давом додани ҳамкорӣ бо ВАО-и мустақил барои тақвият бахшидан ба принсипҳои демократӣ дар кишвар ташвиқу тарғиб менамоям.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!