Бахшҳо

Парлумон 15 масъули нави КМИР-ро тасдиқ кард

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9-уми декабр, раис, муовин ва 13 узви нави Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиро, ки аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуданд, тасдиқ намуд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз парлумон хабар дод, ба мақоми раиси КМИР -Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовиниаш - Зокиров Саидбой таъин шуданд. Зокиров Саидбой, раҳбарии Иттифоқи касабаи вилояти Суғдро ба уҳда дорад.

Дар қатори 13 узви тасдиқшудаи КМИР аз ҷумла Наимова Вера, дотсенти Донишгоҳи славянӣ, аз ҳисоби коммунистҳо, Азизова Моҳистон, директори мактаби рақами 98-и шаҳри Турсунзода аз ҳизби ҳокими ҲХДТ, Алиф Изатулло, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Пойтахт 80, Ёрматова Олима, директори мактбаби рақами 38-и Сино, аз ҳизби сотсиалистҳо, Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи рузноманигорон, Нуралӣ Саидов, котиби Шурои ҳамоҳангсози ҷумҳурӣ, узви ҲХДТ, Зиё Раҳмон, муовини директори “Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ аз ҳизби аграрӣ, Маҳмудов Ҷамолиддин, мушовири раиси ҲНИТ, Раҷабов Маҳмадёр, мудири кафедраи ҳуқуқшиносиии ДМТ, узви ҲХДТ, Шодмонбеков Юсуфбек, мушовири ректори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ оид ба масоили ҳуқуқӣ, узви ҲХДТ, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи улум, Файзова Муҳаббат, раиси ҷамоати шаҳраки Оби Киики ноҳияи Хуросон ва Зоиров Муҳаммадборон, корманди Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон номбар шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни пешниҳоди аъзои нави КМИР охири ҳафтаи гузашта онҳоро ба ҳузур пазируфт ва дастур дод, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки "татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.
Мӯҳр
ХСДТ
ЧИДА АЙ ХИЗБИ РАХМАТИЛЛО НЕСТАЙ??? ХАМИ МАРДАК ДАР ХАКИКАТ БАСАВОДАЙ...МАН БОВАРИ ДОРМ КИ ХАР КАДОМ МАНСАБДОРИ СОХАИ ХУКУКА БО КОНУН 10:0 МЕЗАНАД...АФСУС КИ И КАДРА ХОР КАРДАНД...БРАВО ЗОЙИРОВ!!! Ш Е Р И Н А Р РРР!!!

Рустам
Рахматилло дар Дастгохи Президент вазифа дошт, ношукрй карда рафту ба чунин руз афтод... Айби худаш!

Додобоев
Чамшед Чамшедов, ки аъзои КМИР аст, каблан худро узви ХСДТ муаррифи намуда буд, аммо холо у мегуяд аз ин хизб баромадааст. Кым гунахгор? хукумат ё ин хизб бо аъзоёни ноустувораш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)