Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Барқи тоҷик: Ҳудуди 3 ҳазор корманд ихтисор мешавад

19 сентябр 2011, 04:52

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ният доранд, баъди насби ҳисобкунакҳои нави кортӣ, ки айни ҳол оғоз шудааст, аз хизматрасонии нозирони барқ даст кашанд.

Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, айни замон дар ноҳияи Рудакӣ, бо дастгирии мутахассисони чинӣ насби 20 ҳазор ҳисобкунакҳои нав идома дорад.  Манбаъ арзиши лоиҳаро 500 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар сурати бо муваффақият аноҷомидани лоиҳа насби ҳисокунакҳои нави барқӣ дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, низоми кори ҳисобкунакҳои нави барқӣ ба кори телефонҳои мобилӣ монанд аст: «Ин ҳисобкунакҳо корти махсус доранд, ки муштарӣ барои гирифтани барқ, пешакӣ ба суратҳисоби он маблағ мегузаронад. Баъди тамом  шудани маблағ, таъминоти барқ ҳам қатъ мешавад».

Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки баъди насби ҳисобкунакҳои нави кортӣ, ҳоҷат ба нозирони барқ дигар боқӣ намемонад. Ба гуфтаи манбаъ,  айни ҳол дар ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 3 ҳазор нозир кор карда истодаанд.

Таҳлилгарони ширкати «Барқи тоҷик» ҳисоб кардаанд, ки барои пурра даст кашидан аз хизматрасонии нозирон, зимни фурўш ва ҷамъоварии ҳаққи барқ,  зиёда аз 40 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭЭйй Хукуматдорхо оо халки ТОЧИК ба ин гуна счочикхо тайёр нестанд.Маош кам мегиранд пули барк зиёд мешавад.Холо дар КУЛОБ кариб хамачода часпонданд дар 1 мон аз 150 то 200 сом пул мехуранд.ИНСОФ кунетон

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!