Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:21

«Пахтаи Кӯлоб» 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст

19 сентябр 2011, 05:37

Корхонаи пунбатозакунии «Пахтаи Кӯлоб», ки дар гузашта иқтидори беш аз 40-ҳазор тонна коркарди ашёи хомро дар 1-сол дошт, дар шароити имрӯза ҳамагӣ  4-5-ҳазор тонна пахта коркард менамояд.

Лашкарӣ Мирзоев, соҳибмулки ширкат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, корхона ҳанӯз ҳам қудрати коркарди ҳаҷми зиёдро дорост, аммо бо иллати камбуди пахта, наметавонанд ҳамаи таҷҳизотро пурра ба кор дароваранд.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир, 32 хоҷагии деҳқонии пахтакор аз ноҳияи Кӯлоб ва 5 хоҷагии дигар аз ноҳияи Восеъ маҳсулоташонро барои коркард ба ин корхона месупоранд. Мирзоев мегӯяд, тибқи шартномаи пешакӣ хоҷагидорон барои ҳар 1-тонна коркарди пахта 205-доллари амрикоӣ ҳақи хизмат ба корхона мегузаронанд. Яъне, даромади софи корхона барои нигаҳдории завод ва ба кортаъминкунии аҳолӣ бо маоши хуб ва пардохти ҳақи андози давлатӣ, ба пуррагӣ басанда аст. Аммо, ба иқрори соҳибмулк, «Пахтаи Кӯлоб» имрӯз ба маблағи наздик ба 500 ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ қарздор мондааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!