Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Бар асари 2 садама 6 нафар ҷони худро аз даст доданд

19 сентябр 2011, 11:34

Дар деҳаи «Шуриён»-и ҷамоати Эсанбой сониҳаи нақлиётӣ боиси марги 4 нафар гардид.


Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,   тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Қурбонназар Собирови 59 -сола ҳангоми ҳаракат ба роҳи мошингарди рустои мазкур идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 100 метр сарозер мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили сабукрав Ҷӯрабоев Ҷумъаи 56- сола, Абиров Алиҷони 53- сола ва Имомназаров Тошмуҳаммади 61 -сола дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигар Абиров М ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ мегардад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бошад, сарнишини боркаши «ЗИЛ» Муқим Ғоибови 35- сола ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи Рӯдакӣ дучархарон Мирзомади Ёрмуҳаммади 16 ва Зоир Ҳусенови 17- соларо зер мекунад. Дар натиҷа, дучархарон бо мусофираш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса  ба ҳалокат мерасанд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 садамаи нақлиёти ба қайд гирифта шуда, шаш нафар ба ҳалокат расида 12 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!