Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Ба «Кодекси оилаи ҶТ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

19 сентябр 2011, 11:49

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагон баргузор гардид.


Тавре Муҳамадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аъзои шӯро лоиҳаи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Султонов афзуд, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов ва дигар аъзои шӯро зимни суханрониҳои худ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро мутобиқ намудани онҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!