Бахшҳо

ВИДЕО: Ташаккури Кабирӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва даъват ба сабр

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, сабри онҳо ҳудуд надорад ва то замоне сабр мекунанд, ки сабри дигарон дар баробари онҳо нашиканад. Ӯ ин нуктаро аснои суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, иброз дошта, бори дигар пайравонашро ба сабру ҷасорат ва риояи қонун даъват кард.

Кабирӣ аз соли 2000 то 2010-ро беҳтарин марҳалаи рушди Тоҷикистон унвон кард, зеро ба қавли ӯ, дар чеҳраи ҳама табассум буд ва кишвар аз нигоҳи рушди иқтисодию демократӣ пешрафтҳо дошт. Раиси ҲНИТ гуфт, он замон аз мухолиф то ҳукуматдорон дар хидмати мардум буданд: “Барои ин давра ба президенти муҳтарами кишвар ташаккур мегӯем”. Дар идома афзуд, аммо бо интихоботи соли 2010-и парлумонӣ вазъ тағйир ёфт, “даъват мекунем дигар он интихоботро такрор накунанд. Интихоботи моҳи март сода нахоҳад буд”.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ҲНИТ ҳизбе нест, ки бо фишору таъқибҳо тавонанд ба он таъсир расонанд: “Ба касе, ки мехоҳад аз ҲНИТ хатар тарошад гуфтаниам, ба ҳадаф намерасад”.

Кабирӣ дар идомаи суханронӣ аз муҳоҷирон даъват кард, то интихобот ба Ватан биёянд. Ӯ гуфт, 90 дарсади муҳоҷирон бо далели фароҳам нашудани шароит имкони ширкат дар интихоботро надоранд. Раиси ҲНИТ афзуд, муҳоҷирон бояд дар фикри таҳрими интихобот нашуда, баракс дар ин маъракаи сиёсӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Гуфт, агар имкони иштирок дар овоздиҳиро надоранд, аз хешу табори худ даъват намоянд, то дар Ватан ба ҷонибдории ҲНИТ раъй бидиҳанд.

“Вақте мо мегӯем Тоҷикистон барои ҳама, дар ватандорӣ набояд фарзанди угай бошад”,-гуфт ӯ ва изҳор дошт, дер ё зуд ба пирӯзӣ хоҳанд расид.

Бо назардошти суханронии иштирокдорони анҷуман Шӯрои сиёсии ҲНИТ муваззаф шуд, бо дархости баргузории интихоботи шаффоф аз номи вакилон муроҷиатномае таҳия намуда ба тамоми ниҳодҳои марбута ирсол намояд.


Мӯҳр
Камол
хамин мухочиронро ба интихобот таклиф карданатонро каблан эълон мекардед намешуд, ки интихоботро то хосили нави картошка ба мохи май мегузоштем. захира надоореммм .... КАллаварам

.
Боз чи кадар сабру тахаммул каода мегарди? Шарманда шуди аз хамин тарсончакиат.

хисори
дар бораи сабр гуфтед дар хакикат мардуми Точик пур сабранд талош кунед аз хад зиёд асаби мардумро хаста накунед ки хеч хубие надорад.

Сарбадорон
Кабири хаминхел гап мезанад, ки гуё мардум дар орзуи ХНИТ пазмон шуда бошанд. Шумо хеч вакт фаромуш накунед як чизро- хатогии Шуморо МИЛЛАТИ ТОЧИК хеч вакт фаромуш намекунад ва намебахшад.

ХХДТ
ХХДТ дпар интихобот бой метияд, ноумед набошед ба пеш ба суи интихобот!!!!!!!!!!!!!!!

Хами ХНИТ барои давлату миллат чи кори хуб кардай, ку ягонташа номбар кунад? Факат масъалахои диникати мардумро ба худ чалб менамояд, хол онки ба масъалахои дини муллою козию рухониён сарукор доранд. Ин хизби сиёси бошад хамчун хизби расми барои бехбудии миллат чи кор кардааст? Аз дасташ факат бадномкунии хукумат меояду халос.

бо салому ташакур ба хамватанони азизу мехрабонам ва баъд ин интихоботи парлумони як фурсати хуби аст барой ояндаи Точикистон агар мо ин фурсат ро ганимат бишуморим ва интихоби дуруст кунем фардо фарзандони мо ба мушкил рубару нахоханд шуд ман гуфтани нестам ки кадом хизб ро рой бидихед факат ба калбатон гуш дода баъд интихоб кунед.

Ба пеш! Кабири мо бо шумоем!

э мардуме ки кментария карден шумо факат да интернет мелакен марден ай пеш биёен катитон гап мезанм

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)