Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Барномаҳои театри «Сулҳ»-ро 10 ҳазор нафар тамошо карданд

20 сентябр 2011, 06:09

Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон тавассути баргузории як силсила лагерҳои тобистона ва семинарҳо, ки онҳоро ширкаткунандагони барномаи  Театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС) ташкил намуданд, мусоидат кардааст.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе, ин пружа театрро ҳамчун василаи эҷодӣ барои ҷалби сокинони деҳот дар муайян намудан ва ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти маҳал  истифода мебарад. Иштирокчиёни калонсол ва ҷавонони барнома, ки ба воситаи ин усулҳо омӯзонида шудаанд, семинарҳо барои ҷавонони ҷамоатҳои худ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ташкил мекунанд. То имрӯз, тавассути грантҳои хурд иштирокчиёни барнома 20 семинар оид ба драмаи тағйирдиҳии низоъ (ДТН) сурат пазируфтааст, ки зиёда аз 300 иштирокчиёнро аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ҷамъ овард.

Як иштирокчии барнома мегӯяд, “Ба ман ин чорабиниҳо маъқуланд, чунки мо якдигарро қаблан намедонистем ва тавассути ин бозиҳо мо бо якдигар шинос шудем ва баҳсҳоро ташкил намудем. Аз ин рӯ ман хурсандам, ки маро ба ин машғулият интихоб намудаанд ва ман метавонам маҳорати худро дар маҳфили драмавие, ки дар мактабамон ташкил мегардад, истифода барам.

Манбаъ афзуд, иштирокчиёни барномаи театри ҷавонон “Сулҳ” барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон дар 80 деҳоти вилоятҳои Хатлон ва Суғд саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд. Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур яке аз барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ мебошад, ки аз соли 1992 то имрӯз тавассути барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва  рушди иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар сарф намудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!