Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:46

Таваррум дар Тоҷикистон рӯ ба афзудан дорад

20 сентябр 2011, 06:19

Тайи 8 моҳи ахири соли равон сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ  8,5%-ро ташкил додааст.


Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, таварруми моҳона бошад, ба 0,8% баробар шудааст. Меъёри бозтамвил, ки аз нишондиҳандаҳои муҳими молиявӣ ба ҳисоб меравад, ба гуфти масъулини ин ниҳоди молиявӣ дар моҳи августи ҳамин сол 9% ва аз аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна ба 8,82%-и солона расидааст. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, Бонки миллӣ нишондиҳандаи таваррумро нисбати воқеият кам нишон додааст. Ба гуфти онҳо, аниқ аст, ки сатҳи таваррум аз оморе, ки Бонки миллӣ муайян кардааст, зиёд мебошад, ки инро таҷриба нишон додааст. Коршиносони тоҷик , сабаби афзоиши таваррумро ба болоравии нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Ба қавли коршиносон, афзоиши нархи сӯзишворӣ таъсири худро ба болоравии нархи озуқа ва ҳар гуна хизматрасониҳои дигар расонидааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!