Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:01

Нерӯҳои низомии 5 кишвар алайҳи «хатарҳои эҳтимолӣ» мубориза мебаранд

20 сентябр 2011, 06:31

Аз 17-ум то 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳҳои фаврии сохторҳои қудратии қувваҳои мусаллаҳи 5 давлат машқҳои мукаммали низомӣ таҳти унвони «Ҳамоҳангии минтақавӣ-2011» идома доранд.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, тамринҳои мазкур дар пойгоҳи донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони низомӣ, ё худ гурӯҳҳои фаврии сохторҳои қудратӣ, бевосита қӯшунҳои сарҳадӣ , гвардияи миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва дигар мақомотҳои қудратии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ИМА ширкат мекунанд.

Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз ташкили амалиёти муштарак дар дастгоҳҳои компютерӣ ҷо кардан ва ба таври фаврӣ ва дар ҳамоҳангӣ рафъ намудани оқибатҳои офатҳои табии, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз ва сари вақт расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ, ё худ зарурӣ ба осебдидагон аз офати табиӣ дар сурати эҳтимолан рух додани он мебошад. Номбурда қайд кард, ки қаблан силсилаи чунин машқҳои муштарак дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Ам- рико  ва соли 2009 дар Тоҷикистон, соли 2010 дар ҷумҳурии федералии Олмон ба роҳ монда шуда буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!