Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:28

Бохти «Истиқлол»-и Душанбе дар сабқати байналмилали футболи Осиё

20 сентябр 2011, 06:55

Бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) идома дорад.


Даври аввали сабқати гурӯҳи “А” 19-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван сурат пазируфт. Тавре Алӣ Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё, ки бо тими мизбон - «Тайван Пауэр»-и Тайван ба майдон баромад, бо ҳисоби 0 бар 2 бозиро бохт. Дар дақиқаи 39-уми сабқат футболбози  «Тайван Пауэр» По-Лианг Чен голи нахустинро ба дарвозаи футболбозони тими «Истиқлол» ворид намуда, ҳисобро кушод. Баъди ду дақиқаи дигар голи дуюмро бозингари дигари даста Шин-Лу Чианг вориди дарвозаи ҳарифонашон намуд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бар тими "Нефтчӣ"-и Қирғизистон рақобат намуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои камбоҷагиҳоро Кингсли Мету Нджоку дар дақиқаи 34-уми  бозӣ ва Чая Чан дар дақиқаи 55 ба ҳадаф расонид, голи қирғизҳоро бошад, Илёс Олимов дар дақиқаи 79-уми сабқат вориди дарвозаи ҳарифонашон намуд.

Номбурда қайд кард, ки даври дуввуми сабқати ниҳоӣ 21-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин бозӣ тими "Истиқлол" бо дастаи "Балкан"-и Туркманистон ва "Яданарбон"-и Мянмар бо "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бозӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!