Бахшҳо

Омор ё дурӯғи маҳз? (ВИДЕО)

Сайф САФАР

“Се навъе аз дурӯғ вуҷуд дорад; дурӯғ, дуруғи маҳз ва омор”. Ин гуфтаро Марк Твен, нависандаи амрикоӣ, ба нахуствазири вақти Бритониё - Бенямин Дизраелӣ нисбат медиҳад. Ту гуӣ, ин гуфтаро барои ман гуфта бошад, ки ҳамеша ба омор бо шаку тардид нигоҳ мекунам. Ахиран, ҷаноби Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бори дигар саломати оморро зери суол бурду шаку тардидро қувват дод.

Ба ҳисоби оқои Шоҳиён дар тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд ва аз ин адад ҳудуди 400 ҳазор баргаштаанд. Яъне, феълан дар хориҷи кишвар 630 ҳазор - 400 ҳазор = 230 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад. Яъне, аз рўи ин ҳисоб айни замон дар Русия 230 000 муҳоҷири тоҷик кор мекунад. Хонандаи арҷманд, ба ин рақам бовар дорӣ?

Истидлоли дигари КМИР ин буда, ки бештари муҳоҷирони мо мавсимӣ сафар мекунанд. Инҷо гусели ҳамсинфҳо, ҳамдеҳаҳо ва ёру дӯстон ба ёд мезанад, ки дар фурудгоҳ варақи муҳоҷираташонро пур мекардам, ҳоло 5-6 сол аст, ки дар Русия ба сар мебаранд. Чанде аз онҳо ҳатто ба депорт аз ин кишвар тан намедиҳанд ва маҷбуранд таъқибу азияти беҷои ниҳодҳои интизомиашро тоқат кунанд. Бо як ҳисоби оддии дигар ба омори муҳоҷирон нигоҳ мекунем. Фарз кардем, дар Тоҷикистон тахминан 1,5 миллион оила зиндагӣ мекунад. Аз ин шумора 500 ҳазорро тарҳ мекунем, ки ин теъдоди оилаҳо шояд дар Русия муҳоҷир надоранд. Боқӣ, аз 1 миллион оилаи дигар агар 1 нафарӣ муҳоҷир бошанд, шумораи муҳоҷирон роҳат ба 1 миллион мерасад.

Гуфта мешуд, соли гузашта муҳоҷирон аз Русия ҳудуди 4 миллиард доллар фиристодаанд. Ҳоло ин рақамро ба 630 000 ҳазор тақсим намоед, боз ба хандаовар будани омори Шоҳиён бовар менамоед.

Аз ин ҳисобҳо бигзарем ва ба гуфтаи раиси КМИР бовар намоем, ки мо ҳоло 230 000 муҳоҷир дорем, дар ин ҳол ҳам боясти ҳаққу ҳуқуқи эшон ба инобат гирифта шавад ва имкони иштирок дар интихобот ба онҳо фароҳам гардад. Чун ба онҳо низ ин ҳақро Сарқонун додааст.


Назарпурсии "Озодагон": Оилаи Шумо чанд муҳоҷир дорад?

Мӯҳр
ВОРИС
АЗ ХОНАИ МО 4 НАФР ДАР РУССИЯ ХАСТ З ТОАШ ЗИЁДА АЗ ЧОР СОЛ ШУД НАОМАДАНД

Дарвеш
ВОРИС,
Охир шохиён имсолаашро баназар гирифтагист солхои каблиро хисоб накардааст чи

Сайф САФАР, тибки гуфтахои ту Шохиён омор пеш овард, ки 630 хазор нафар дар 11 мох ба Россия мухичират намуданд, лекин ин шумора дар 11 мохи соли 2014 аст! Аз бокимонда мухочироне, ки соли чори ба Точикистон барнагаштанд аз ёд бароварди? Шояд дар Россия зиёда аз 1 млн шахрванди Точикистон бошад, лекин он омор (630 хаз.) факат ба соли чори таалук дорад!

точикак
мо 3 нафар постоянно хаминчоем, агар насиб бошад, 1-2 мохак хар сол ба ватан меравем, лекин на хама вакт ин тавр аст. Агар бачахоро хисоб куни аз 10 нафар зиёд бахудо....

Tojiki Ozod
охируша реклама каден некем ЯГОН НАФАР )))

Эй бародаро бахси зиед чидаркор, Ш. Шохиен хуб гуш кнен дар назар мухочирой Душанбера дора. Чунк барои овоздихи мардуми Душанбе факат овоз метан, дигар бокимондаш овоз бта ната фойдаш надора.

Азиз
Рахмат, бародар, ки аккалан Шумо хам кам хам бошад дар бора мухочирон фикр кардед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)