Бахшҳо

Паёми шайх Салмон ба муносибати 27-солагии президент Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми декабр 27-сола шуда, ба соли 28-уми ҳаёташ қадам гузошт.

Дар паёми табрикотии ФФТ ба Рустами Эмомалӣ аз ҷумла омадааст, “ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон табрик гуфта, тани сиҳату комёбӣ ва саодатмандӣ барои Шумо ва наздиконатон хоҳон аст.”

Ба иттилои ФФТ, инчунин президенти Конфедератсияи футболи Осиё – шайх Салмон ибни Иброҳим ал-Халифа низ бо ирсоли як номаи шодбошӣ Рустами Эмомалиро ба рӯзи зодрӯзаш табрик кардааст.

Шайх Салмон ибни Иброҳим ал-Халифа дар ин номаи худ, аз чумла изҳор доштааст, “Муҳтарам Президент! Аз номи Конфедератсия ва тамоми мутасаддиёни тимҳои футболи Осиё Шуморо табрик гуфта, бароятон дар ин рӯз хушбахтӣ орзӯ дорем. Бигзор ин рӯз як санаи хушбахтию хурсандӣ дар хонаводаатон боқӣ монад.”

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкории ӯ бо Рустами Эмомалӣ ба хотири рушди футболи минтақа боз ҳам рушд ва тавсеа хоҳад ёфт.

Рустами Эмомалӣ, ки феълан раҳбарии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро низ бардӯш дорад 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз октябри соли 2012 то таъиноти наваш дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ӯ дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад ва тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.
Мӯҳр
Мухтарам Рустами Эмомали ман хам аз фурсати муносиб истифода бурда Шуморо ба муносибати зодрузатон самимона табрик намуда бароятон пеш аз хама тани сихат, хотири чамъ ва хонаи обод орзу менамоям!
Бехтарин инсонед бародари гироми Рустамчон Худованд ба хамаи ниятхоят бирасонад ОМИН

факат писари призидент сохиби чунин мансаб мешавад дигаронба мумкин нест

аппаратчик
Ба Худода ситеза накун,ки ба у Худо додааст. сад сол умр бинед Шохзода Рустами Эмомали

Аз Душанбе
ТАБРИК ТАБРИК ТАБРИК!!!!!!!!!!!!!

Эхтироми волоияти конун будагист. Танзими конунхо барои бечорагон мй?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)