Бахшҳо
22 дек 2014 11:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эъдоми 100 ҷангҷӯи “амир”-и тоҷик дар шимоли Сурия

Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-и маъруф ба ДИИШ ҳудуди 100 ҷангҷӯи худро ба иттиҳоми фирор аз сафи ҷанг эъдом кардааст.

Нашрияи “Financial Times” менависад, ин афрод, ки мехостанд аз суфуфи ҷангҷӯёни ДИИШ фирор кунанд, рӯзи 20 декабр дар шаҳри Раққаҳ, дар шимоли Сурия кушта шудаанд. Ба иттилои нашрия, ин сад нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ буда, дар пойгоҳи ташкилкардаи ин гуруҳи террористӣ дар Раққаҳи Сурия ба сар мебурдаанд.

“Financial Times” аз қавли манбаи худ навиштааст, моҳи гузашта, 5 бритониёӣ, се фаронсавӣ, ду олмонӣ ва ду шаҳрванди Белгия низ талоши гурехтан аз сафи ҷангҷӯёни ин гуруҳи террористиро кардаанд. Онҳо қасди фирорашонро чунин шарҳ додаанд: “Мо барои набард бо режими Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба ин кишвар омодаем, аммо ҳоло бо дастури ДИИШ бо неруҳои мухолифин меҷангем”.

Эъдоми сад нафар аз ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ дар Раққаҳи Сурия дар ҳолест, ки ин созмон моҳи августи соли равон, баъд аз таҳти тасарруфи худ қарор додани ин минтақа як шаҳрванди Тоҷикистонро дар он ба ҳайси амири худ таъйин карда буд.

Ба иттилои расонаҳои марбут ба ДИИШ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ - раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон кард, гӯиё баргузида шудааст. Далели ин тасмим дар фаъол будани шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ гардид.
Мӯҳр
Ватандуст
Дар миёни ин сад нафар чанд точики гумрохшуда бошад!?

шахрванд
Илтимос, забони ноби точикиро харом накунед!!!! калимахои "эъдом", "суфуф" магар точикианд????
баъд, аз кай калимаи сафхо бо ду харфи Ф навишта мешавад?

Бисмиллоҳ
Дар ҳақиқат ин гуруҳи дииш ё худ бо ном "давлати исломӣ" аз душманони ислом дида исломро бисёртар хору залил нишон дода шикаст додаистодаанд, агар дар ҳақиқат муҷоҳиди роҳи Аллоҳ ҳастанд пас чаро дар Фаластин мардуми мазлуми мусалмон зери шиканҷаи яҳуд қарор дошта шабу руз ба номуси онҳо таҷовуз мешавад чаро ин " муҷоҳидҳо" нафаре ё гуруҳе аз худашонро барои дифоъ аз номус ва хуни мусалмонони ин сарзамин намефиристанд??? Ё чаро ақалан худи раҳбари ДИИШ ё намояндае аз у овозе баланд намекунад??? Чунки онҷо хоҷагони онҳо(яҳудиҳо) бар зидди мусалмонон меҷанганд ва инҳо бар зидди хоҷагони худ овоз баланд намекунанд агар овоз баланд кунанд аз ҷониби худи ҳамон раҳбарашон эъдом(кушта) мешаванд.
-------------
АбуАсмоа.

Чонбобоев
Сарлавха ба хабар мувофик нест.

Eyy kofaron dar haqiqat joi shumiyon Jahannam ast..Gaphoi durug va tuhmat dar haqqi Davlati islomi..Eyy korgarhoi Ozodagon tu agar nomat Abdulloh boshadham va dar yak ruz 5 marotiba namoz guzori va ruzai mohi sharifi Ramazonro tark nakuniyu hamin qonuni Kufrii Demokratiro itoat va Nusrat dihi, TU KOFAR hasti..inro az kitobho kov va mutolia biku

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)