Бахшҳо

Андозбандӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт

Масоили марбут ба андозбандии намояндагиҳои дипломатӣ  ва консулгарӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият  доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи андоз хабар доданд, дар ин машварат масъулини вазорати умури хориҷа, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ширкат доштанд. Зимнан қайд гардид, ки татбиқ намудани имтиёзоти андозӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, тартиби андозбандии резидентҳои  Тоҷикистон ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеӣ-шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқули худро ба намояндагиҳои дипломатӣ иҷора медиҳанд, тартиби баҳисобгирии бақайдгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар мавзӯъҳои ба ин алоқаманд аз масоили аслии муҳокмашаванда мебошанд. Ба ҷуз ин, яке аз масъалаҳои ҳалталаб  ин риояи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Тоҷикистон оид ба аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо мебошад, ки дар доираи маблағҳои грантӣ амалӣ карда мешаванд.

Гуфтанист, дар асоси моддаи 238-и Кодекси андози Тоҷикистон баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардониданро дар асоси дутарафа (мутақобили)  шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намоянд ва  Тоҷикистон низ  иштирокчии онҳо бошанд. Иштирокдорон низ дар навбати худ ба мутахассисини соҳа оид ба дигар паҳлӯҳои андозбандӣ ва истифодаи дурусти имтиёзоти андозӣ муроҷиат намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)