Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 00:31

Бизнесмоделҳои муваффақ дар Душанбе баррасӣ гардиданд

21 сентябр 2011, 07:25

«Стратегияи муваффақи ширкатҳо дар шароити нав: Воситаҳои созмони бизнесмоделҳои муваффақ».


Таҳти чунин унвон, дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт  ҳамоиши вижаи коршиносон ва тоҷирон баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуотии ассосиятсияи соҳибкорони хурду миёна ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, мақсад аз баргузории ин нишаст, омӯзиши роҳҳоест, ки барои пешбурди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд. Семинари мазкур бо ташаббуси ассосиятсияи соҳибкорони хурду миёна ва дар якҷоягӣ  бо корпоратсияи байналмилалии молиявӣ доир гардидааст.

Гуфтанист, дар ин ҳамоиш  намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тоҷирон ва масъулини бархе аз ширкатҳои ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд, ки бештар атрофи сохтани бизнесмоделҳои нав гуфтугӯ кардаанд. Семинарро Александр Владимирович Мертенс, профессори улуми иқтисодии донишгоҳи Киев ба ҳайси тренер гузаронидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!