Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

Муҳиддин Кабирӣ: Устод Раббонӣ бояд ин ҳафта ба Душанбе меомад…

21 сентябр 2011, 10:21

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ аз қатли ваҳшиёнаи раҳбари Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон андӯҳгин буда, зимни ироаи як номаи таслият     навиштааст:


Шаҳодати   Устод Бурҳониддин  Раббонӣ,  сулҳҷӯтарин сиёсатмадори муосири Афғонистон ва минтақаро  барои тамоми сулҳҷӯён, ватандӯстон ва андешамандони Афғонистону Тоҷикистон тасаллият мегӯям ва аз Худованд барояш ҷаннати фирдавс ва барои хонадону пайвандонаш ва хамаи муҳибону мухлисонаш дар саросари ҷаҳон сабри ҷамилро таманно дорам. Марде аз мо рафт, ки номи худро дар таърихи Афғонистон ва ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори дурандешу ҳаким, пешвои исломии одилу мӯътадил ва ватандӯсти воқеъӣ сабт намуд. Рафтани ӯ барои ҳама миллатҳои минтақа талафот аст, вале барои тоҷикон бузургтарин талафот дар солҳои ахир мебошад. Ӯ рамзи тоҷикият ва исломият буд. Муҳаббати ӯ ба  миллати тоҷик марзҳоро убур карда буд ва ҳар тоҷик дар саросари ҷаҳон гармии ин муҳаббатро эҳсос мекард.

Шаке нест, ки шаҳодати ӯ барои садҳо ҳазор муҳочири тоҷик замони ҷанги хонумонсӯз мусибатест, баробари аз даст додани падар. Ӯ имконоти кишвари ҷангзадаашро бо ҳаммиллатони муҳоҷири хеш тақсим менамуд ва боз худро маъзур медонист, ки коре карда натавонистааст. Тасаллияти худро ба ҳама муҳоҷирини онвақта  ва аз номи онҳо ба мардуми афғони намакдору меҳмоннавоз баён менамоям.  Агар мо тоҷикон барои сулҳу ваҳдати хеш аз касе миннатпазир бошем, пас ин касон  Устод Раббонӣ ва шаҳид Масъуд мебошанд, ки душманони миллат ҳардуро аз мо гирифтанд. Ӯ ҳамон қадар дар ғами сулҳи мо тоҷикон буд, ки ғами сулҳи Афғонистонро мехӯрд.  Дар Тоҷикистон сулҳро овард ва дар роҳи сулҳи Афғонистон ва ба ҳайси Бунёди сулҳи ин кишвар ба шаҳодат расид.

Ду рӯз қабл аз шаҳодаташ дар шаҳри Теҳрон дидор ва сӯҳбат доштем ва аз ҳар калимааш ғамхорӣ ба миллату мазҳаб метаровид ва кас эҳсос мекард, ки барои миллат мисли як падар ғам мехӯрад. Даъвати моро барои омадан ба Тоҷикистон дар ин ҳафта қабул намуд ва ваъда дод, ки пас аз бозгашт ба Кобул омодагии сафар ба Душанберо мебинад. Бехабар аз он, ки дигарон омодагии ҷиноятеро алайҳаш дида истодаанд ва иҷоза нахоҳанд дод, ки васиятҳои ахирашро  барои миллат дар ватани мо карда бошад. Нигарон буд, аз баъзе равандҳои кишвари мо ва самимона мегуфт, ки ин корҳо ба нафъи душманони дину миллат мебошанд ва ҳатман сӯҳбатҳое бо дӯстону бародарони масъул дар Тоҷикистон хоҳад кард.

Суханронии ду рӯз қаблашро дар Теҳрон пеши назар меорам , ба хусус лаҳзаеро, ки аз раисикунандаи ҷаласа  як  дақиқа вақти иловагӣ хост, то ҳарфи охир ва шояд муҳимтарин дар ҳаёташро  бигӯяд. Гӯё ҳис мекард ки  аз дасти ҳамватану ҳаммазҳабаш кушта мешавад ва ба аҳли толор гуфт: «Инҷо ки ҳама уламо  ва андешамандони олами ислом нишастаем, биёед ҳамагон монеъи кушта шудани мусалмон ба дасти мусалмон шавем ва ҳаром будани ин амалро эълон намоем». Ин даъвати самимӣ ва таровида аз аъмоқи қалб ва имон худашро наҷот надод, вале шояд ки дигаронро сари ақл биёрад ва ҳазорҳо  қурбониҳои олами исломро , ки ба дасти бародарони худашон кушта мешаванд,  наҷот бидиҳад.

Ӯ ҳар чизе, ки аз дасташ меомад, барои миллату ватану динаш кард ва масъулияти хешро пеши Парвардигораш анҷом дод. Афсӯс, ки мо натавонистем қарзи худро барои он ҳама заҳматҳояш  пеши миллат каме ҳам бошад адо намоем ва ин орзуе ки бояд чанд рӯз баъд амалӣ мегашт орзу боқӣ бимонд. Ҷояш дар раёсати фахрии Анҷуман  холӣ хоҳад буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!