Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:31

5-сомонӣ ва иҷрои нақшаи истеҳсолӣ

16 май 2011, 07:32

Кирмакпарварони ноҳияи Носири Хисрав нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла баромаданд.

Тавре ба «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, кишоварзони ин минтақа ба хирмани давлат 11,1 тонна пиллаи хушсифат супориданд, ки ин 100,9%-и нақшаро ташкил намудааст. То имрӯз  дар кишвар  ба миқдори 125,3 тонна пилла тайёр карда шудааст, ки ин миқдор дар маҷмӯъ 6, 7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба иттилои ин вазорат, феълан дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии пилла бо суръат идома дорад ва аз ҷониби сармоягузорон ба ҳар килограмм пилла дар асоси шартномаи тарафайн 5 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Жора

  • 4 март 2013 09:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Толибшо раиси Носири Хисрав шида боша?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!