Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:32

Дурнамои рушди таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд баррасӣ мегардад

22 сентябр 2011, 04:16

Бо ибтикори  блоки барномаҳои таълимӣ ва барномаи «Сиҳатии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мизи мудаввари вижа сурат мепазирад.


Тавре аз дафтари ин ташкилот ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, нишасти мазкур рӯзи 28-уми сентябр дар назар дошта шуда, зимнан масъалаи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогири кӯдакони имконияташон маҳдуди ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20011-2015» матраҳ мегардад. Ҳадаф аз баргузории мизи гирд муайян кардани вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроия дар амалӣ намудани Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир мебошад, ки бо ташаббуси Вазорати маорифи ҶТ ва дастгирии Институти «Ҷомеаи кушода» -Бунёди мадад таҳия гардида, онро моҳи апрели соли 2011 ҳукумати ҶТ қабул кардааст.

Ба ҷуз ин масоили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии  вазорату идораҳо оид ба амалӣ кардани ҳадафу вазифаҳои консепсия; огоҳ кардани ҷомеа аз раванди амалӣ кардани консепсия; муайян кардани масъулият ва ваколати сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ баррасӣ мешавад.

Ҷиҳати ширкат дар мизи гирд намояндаҳои вазоратҳо, созмонҳои ғайридавлативу байналхалқӣ, ки доир ба таълими фарогир фаъолият мебаранд, даъват шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тӯли 3 сол лоиҳаҳоеро маблағгузорӣ менамояд, ки ба ҷорӣ намудану рушди таҳсилоти фарогир дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.  Дар доираи амалӣ намудани ин лоиҳаҳо барои мураббиёни муассисаҳои таҷрибавии томактабӣ, муаллимони макотиби миёна, устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи С. Айнӣ ва мутахассисони равоншиносу тиб ва омӯзиши раҳнамоӣ бо ҷалби мушовирони байналхалқӣ аз Литва, Русия, Украина ва Қазоқистон тренингу семинарҳо ва мизи гирд барпо гардиданд. Ҳамчунин тибқи ин лоиҳаҳо сафари омӯзишӣ ба Украинаву Қазоқистон ташкил карда шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!