Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

«Истиқлол»-и Душанбе аз идомаи бозӣ дар сабқати байналмилалӣ маҳрум шуд

22 сентябр 2011, 04:25

Тими «Истиқлол», ки бозии дуввумашро дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Тайван бо дастаи «Балкан»-и Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом дод, аз ҳуқуқи  ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум шуд.


Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,   ки ин бозии даври дуввуми гурӯҳи “А” буда, 21-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван сурат пазируфт. Амир Қурбонӣ, бозигари дастаи “Балкан”  дар дақиқаи 23-юми бозӣ ҳисобро кушода, голи нахустинро ба ҳадаф расонид. Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаҳои охири даври якуми сабқат голи ҷавобиро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд.

Гуфтанист, даври охирини сабқати гурӯҳӣ 23-уми сентябр баргузор мешавад. Ин навбат дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо «Яданарбон»-и Мянмар ва «Тайван Пауэр»-и Тайван бо «Балкан»-и Туркманистон бозӣ хоҳанд кард. Айни ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи мизбон  “Тайван Пауэр» бо се имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад ,дастаҳои “Балкан” ва “Истиқлол” бошанд, якимтиёзиро ба даст овардаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!