Бахшҳо

Рашид Олимов: Табиати Тоҷикистон чун миқнотис сайёҳонро ҷалб мекунад

Намоишгоҳи рассомони тоҷик дар осорхонаи Қасри императории Пекин ифтитоҳ шуд.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии мардумии Чин меҳмононро хайра мақдам гуфта зикр сохт, ки унвони намоишгоҳ «Сеҳри кӯҳҳо ва гулҳо» буда, оид ба Тоҷикистон ва табиату манзараҳои он маълумот медиҳад. Дипломати тоҷик гуфт: «Тоҷикистон – сарзамини қадимест, ки тахайюлу тасаввуроти рассомро ба ваҷд меорад. Кӯҳҳои бузург, ки бар онҳо осмони кабуд такя мекунад; сабзазори алпӣ бо алафҳои зумуррадин ва гулҳои бошукӯҳ; кӯлҳои софи баландкӯҳҳо, ки дар онҳо ситораҳои қудсӣ, моҳи зарди дурахшон ва офтоби оҳангудоз инъикос меёбанд; боғҳои дилкушо, ки бо рангҳои баҳор пуртуғёнанд; водиҳои беканори зумуррадин бо обхезии лолаҳои суп-сурх, - ҳамаи ин чун миқнотис (магнит) мусаввиру наққошони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб мекунад».

Гуфтанист, қисми зиёди намоишгоҳ расмҳои устоди нақшу нигор, рассоми халқии Тоҷикистон ва ИҶШС Сӯҳроб Қурбоновро ташкил медиҳад. Рашид Олимов тамоми ҳозирин ва меҳмонони сершуморро ба саёҳати ғоибона ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳову гулҳои сеҳрнок даъват намуд. Муовини аввали мудири кулли Бюрои муносибатҳои байналмилалии фарҳангии Вазорати фарҳанги Хитой  Хю Ҷин Линг дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ баромад карда, тазаккур дод, ки «Хитой ва Тоҷикистон – кишварҳои дӯсти қарин ҳастанд, ки бо талошҳои муштарак комёбиҳои бузургро ба даст овардаанд, аз ҷумла, дар соҳаи ҳамкории фарҳангӣ. Тоҷикон, яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ, дар дарёи тӯлонии таърихи инсоният ба ҷаҳон намунаҳои беҳтарини фарҳангро тӯҳфа кардаанд».

Манбаъ афзуд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Хитой, котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои дӯст, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)