Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 18:03

Донишҷӯёни тарроҳ маҳорати худро сайқал хоҳанд дод

22 сентябр 2011, 06:09

Аз 26 то 30 сентябри соли 2011 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов семинари «Маҳорати рассомӣ дар чаҳорчӯбаи санъати муосир» баргузор мегардад.


Семинари мазкур давраи дуюми омӯзиши тарроҳони ҷавон мебошад. Қаблан, дар моҳи июн  давраи аввали омӯзишӣ бо унвони «Фарҳанги миллӣ ва тарроҳии муосири графикӣ» низ сурат пазируфта буд. Тибқи иттилои расида,ҳамоиши мазкур бо ташаббус ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон   ҷараён хоҳад гирифт.Ҷиҳати ширкат дар чорабинӣ донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми коллеҷҳои эҷодии ҷумҳурӣ даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳаи мазкур омӯзиши тарроҳони ҷавон дар соҳаи дизайни муосир бо истифодаи хусусиятҳои миллӣ ва дастгирии рушди иқтидори эҷодии рассомони ҷавон мебошад. Семинарро тарроҳони шинохтаи тоҷик Парвин Аминҷонов  ва Мансур Хоҷибобоев мегузаронанд,-иттилоъ медиҳад манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!