Бахшҳо
22 сен 2011 07:19Хабарҳои минтақа

Мотами миллӣ дар Афғонистон 3 рӯз идома мекунад

Ба хотири шаҳодати собиқ раисҷумҳури Афғонистон, раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар дар саросари давлати иломӣ мотами миллии се рӯза эълом шудааст.


Тибқи иттилои «Озодӣ» тасмими мазкур дар нишасти фавқулодаи ҳукумати Афғонистон аз сар гирифта шудааст.Саид Махдум Раҳин, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон зимнан иброз доштааст, ки «рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе ба унвони рӯзҳои азодорӣ эълом шуд, ҷаноза ба рӯзи ҷумъа қабл аз зӯҳр дар мазори Вазир Акбархон дар Кобул дафн хоҳад шуд.”

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр, аснои музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва имрӯз садҳо нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.

Марҳум яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон маҳсуб гардида, дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)