Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Нигаронии ҳукумати Душанбе аз «изҳори назарҳо»

16 май 2011, 08:21

"Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО (расонаҳо) ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо (сойтҳои интернетӣ) баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеъан нигаронкунанда ва ингуна сӯиистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеъият посухталаб мебошад."

Дар ин бора зимни як баёнияи ҳукумати шаҳри Душанбе, ки ахиран ба сарварони оҷонсиҳои иттилоотӣ ва расонаҳои электронии кишвар ирсол гардид, омадааст.Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки дар  бахшҳои "назарҳо"-и сайтҳои интернетӣ афкор ва назароте мунташир мешаванд, ки ба беэътимодии мардум нисбат ба фаъолияти мақомот дар заминаи танзими нарху наво дар бозорҳои шаҳр доман мезананд. Дар баробари ин аз тамоми раҳбарони расонаҳо ва масъулини сайтҳои интернетӣ даъват мешавад, ки усули озодии баёнро риъоят кунанд ва ба ончӣ ки ба вайроншавии фазои иттилоотӣ бойис мегардад, ҷилавгирӣ кунанд.Саидов, ба муштариёни интернетӣ ва масъулини сомонаҳо тавсия медиҳад, ки барои пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ҳукумати шаҳр ва фаъолияти он аз сомонаи шаҳрдории Душанбе истифода кунанд.

Тибқи иттилои Шафқат Саидов дар соли равон ҳукумати пойтахт маблағи 20 миллион сомонӣ қарзи бефойиз ба КВД «Савдо ва бозорҳои Душанбе» ҷудо кардааст, ки аз ин миқдор 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 млн сомонӣ барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт масраф шудааст."

Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин тадбирҳо  барои дар сатҳи пойин нигоҳ доштани арзиши маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған ва маҳсулоти сӯзишворӣ мусоидат мекунад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!