Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

Масъули баландпояи ХБА дар ҳузури президенти Тоҷикистон

22 сентябр 2011, 10:14

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур зимни нишаст  масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, таъмин мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи  сиёсати андоз ва пулию қарзӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 дар сатҳи на кам аз 6% таъмин гардида, сатҳи таваррум низ қаноатбахш боқӣ мемонад. Ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!