Бахшҳо

КМҶ-и Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи коршиносони байналмилалӣ қарор мегирад

Бо ибтикори Маркази таълимии судяҳои Шӯрои адлияи ҶТ ва кӯмаки молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ҳамчунин Комиссияи венетсианӣ Конфронси байналхалқии «Таҷрибаи байналхалқӣ оид ба такмил ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ доир ба кафолати таъмини мустақилият ва самаранокии фаъолияти судяҳо» баргузор мегардад.


Ҳадаф аз баргузории конфронс такмили иҷрои Кодекси мурофиаи ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конфронс дар доираи барномаҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи аврупоии  «Волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ»  сурат мепазирад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи тадорукоти ин ҳамойиш иттилоъ доданд, дар анҷуман проблемаҳои иҷрои амалии Кодекси мурофиаи ҷиноии   Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳангоми иҷрои чораҳои пешгирӣ ҳамчун ҳабси хонагӣ, ба ҳабс гирифтан, принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ, мурофиаи ғоибонаи қарори баҳабсгирӣ, принсипи мубоҳисавӣ, риояи меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби иштирокчиёни раванди судӣ ва нақши додситон ҳангоми иҷрои адолати судӣ баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар конфронс аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ, ки пештар аз мо ин марҳиларо гузаштаанд, сухан меравад. Аз рӯи натиҷаи кори конфронс барои такмил додани Кодекси мурофиаи ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти қонунгузорӣ пешниҳодҳои мушаххас карда мешаванд.

Дар конфронс иштироки коршиносони байналхалқӣ аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, роҳбарони сохторҳои ҳукуматии масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, намояндаҳои додситонии кулл, додгоҳи олӣ, судяҳои ҷумҳурӣ, адвокатҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ дар назар аст. Ин ҳамойиш рӯзҳои 27 ва 28-уми моҳи равон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)