Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

Анна Яни кореягӣ суруди «Султони қалбам»-ро дар Маскав манзур кард

22 сентябр 2011, 11:24

Сафорати Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Москва, воқеъ дар шаҳри Химкии вилояти Москва як чорабинии фарҳангӣ доир кард.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорат иттилоъ доданд, ин нишаст муштаракан бо агентии федералии вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба масоили ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество), иттиҳодия оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории Русия бо Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар толори донишгоҳ   намунаи либосҳои милливу сӯзаниҳо ва асбобҳои мусиқии тоҷикию анвои китобҳо ва намунаи эҷодиёти аксбардор-рассоми маъруфи тоҷик Заур Дахте ба намоиш гузошта шуда буд.

Манбаъ афзуд, Рамазон Абдулатипов – сарвари Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Москва (собиқ сафири ФР дар Тоҷикистон) чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зимнан, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки густариши робитаҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Русия, бахусус дар соҳаи илму маориф тақвият ёфтааст. Дипломати тоҷик ба роҳбарияту устодони Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Москва барои ба омӯзишу парвариши хуб фаро гирифта шудани донишҷӯёни тоҷик изҳори қадрдонӣ кард.

Дар поёни чорабинӣ барномаи рангини консертии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Москва бо шумули донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии дигари Москва манзури аҳли нишаст гардид. Оҳангу навоҳои дилнишин дар иҷрои мутриб ва овозхон Ноҳид Зайналпур таровати хосае дошт. Ҳамчунин, ҷои таъкид аст, ки чанд суруди тоҷикӣ дар иҷрои духтари хушовози кореягӣ Анна Ян ва бахусус, суруди машҳури «Султони қалбам» ҳамагонро ба ваҷд оварда, мавриди кафкӯбиву пазироии гарм қарор гирифт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!