Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

Сӯиқасд ба ҷони Раббонӣ ҳанӯз 4 моҳ қабл тарҳрезӣ шуда буд

23 август 2011, 04:11

Маросими видоъ бо устод Бурҳониддин Раббонӣ ва ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Кобул баргузор мегардад.


Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, собиқ райисҷумҳури Афғонистон ва  ва раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар рӯзи 20-уми сентябри соли 2011 бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ, ҳангоми музокироти сулҳ бо намояндагони ҳаракати Толибон дар манзили зисташ ба қатл расид. Террористи худкуш маводи мунфаҷираро дар саллаш пинҳон карда, вориди хонаи Раббонӣ гашта буд. Бино ба иттилои расида, дар маросими дафни раҳбари пешини давлати исломӣ 3000 нирӯи изофии мақомоти амниятиву интизомӣ ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Ҳукумати Афғонистон ва мақомоти ин кишвар дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ    ҳаракати Толибонро гумонбар эълон кардаанд, чанд рӯз қабл сухангӯи ҷангиёни толиб ҳам гуфт: «Марги Раббонӣ кори дасти мост». Ахиран дафтари матбуотии амнияти миллии Афғонистон ба нақл аз суханони корманди ин ниҳод Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ гуфт, ин сӯиқасд ҳанӯз чор моҳ қабл аз сӯи Шӯрои Квейта- ташкилоти олии роҳбарии ҷунбиши Толибон тарҳрезӣ шуда буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!