Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Мусодираи 36 кило мухаддир дар Кӯлоб аз ҷониби кормандони БДА

23 сентябр 2011, 04:38

Кормандони шӯъбаи БДА-и гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб дар 8-моҳи соли равон зиёда аз 36 кг маводи нашъадор ошкор ва мусодира кардаанд.


Аз ин миқдор 0,6-грамм маводи сахттаъсири ҳероин, 30 килову 546 грам бангдона ва 5 килову 100 грамро ҳашиш ташкил медодааст.  Гузашта аз ин, нозирони роҳ инчунин, аз зери пули нақлиётгарди маркази шаҳри Кӯлоб 446 бех ниҳоли нашъаро дарёфт ва нобуд кардаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» нозири калони амалияи маъмурии ШБДА, майори милиса Шамсуддин Мирзошарифов хабар дод.

Бино ба иттилои номбурда, тайи ин муддат кормандони раёсат 8 адад мусалсали Калашников, 4 адад туфанги тамғаи Макаров ва 30-дона тирҳои ҳархела низ дарёфт намуданд. Ҳамчунин, 3-ҷинояткори ҳанӯз дар кофтукоб буда, низ аз ҷониби кормандони БДА дастгир гашта, ба мақомоти қудратӣ таслим карда шудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!