Бахшҳо

Шерхон Салимзода аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон барканор шуд

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа барканор шудааст.

Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон 24 январ ба “Озодагон” гуфт, аъзои палатаи болоии парлумон имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатӣ пешниҳодоти райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи прокурори генералии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина ҷонибдорӣ намуданд: "Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи Салимзода Шерхони Одина ба ҳайси прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои мутақобила дар самти назорати риояи якмароми сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аз номи Маҷлиси миллӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф ва прокурори нави генералии кишвар барору комёбиҳо орзу намуд".

Оқои Салимзода аз 30 январи соли 2010 ба ин сӯ прокурори генералии Тоҷикистон буд. Ӯ аз 10 январи соли 2007 то 4 июни соли 2009 Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро раҳбарӣ кардааст. Аз ин пеш солҳои 1998-2002 додситони шаҳри Душанбе буд ва моҳи апрели соли 2002 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Ба иттилои манбаъ, курсии Салимзода ба ихтиёри Юсуф Раҳмонов, муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи президент гузошта шуд.

РАҲМОНОВ ЮСУФ АХМЕДОВИЧ - 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2004 - 2010 муовини прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст. Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон - сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Мӯҳр
Точик
Ба Салимзода Шерхони Одина бурдборихои бардавом ва ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рахмонов Юсуф Ахмедович барори кор хохонам.Хаминро кайд менамоям, ки Рахмонов Юсуф дар хакикат сазовор ва арзандаи ин маком мебошад.Худованд ёр ва мададгорат бод акаи Юсуф

шахрванд
Дар хакикатШерхони Салимзода кадри хукуки хаст ва мемонад. Бенуксон вазифаро мардонавор супурд. Лекин дар навбати худ Рахмо Юсуф низ камие аз Салимзода надорад. Кадри бокуввати хукук аст.Дар хозира иштибохи президент оиди ивазкунии кадри прокатура дида намешавад. ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ АХСАН!!!!!!!!!

Ака
Озодагон хуб мешуд номхои фарзандонашонро-хам менавиштет то дар душанбе худо накунад яке нофахмида ба инхо ягон харфи баланд гуфта намонем. ..

Нуфузи макомот аз байн рафта буд

444
ХАР КАСЕ БАД КАРД БА РУЗИ БАД РАСАД,
НЕКИРО НЕКУ БАДИРО БАД РАСАД,

чинди
агар ба фоида мардум кор мекарди имруз хама туро бо неки ёд мекард!

Шерхон Салимзода макому манзалати проукрорро дар ЧТ боло бардошт. Таърихи прокуратураи точик ёд надорад, ки аз ин вазифа ба мисли Шерхон Салимзода (Увайдуллоев истисно-рухаш шод бод) пок вакти чудокардаро (тибки Конститутсияи ЧТ) сипарй карда, бо сари баланд номбардори миллат бошад. Салимзода кадрхои чавонро ба кор гирифт, ки бо дасти поку дили гарм ба давлату миллат хизмат карда истодаанд. Юсуф Рахмонов хам прокурори одил ва яке аз шогирдони вафодори Салим Шерхон ба хисоб рафта, дар хунаш кибру гурур, бахилй, нотавонбинй ва аз хама хислати волояш- ночавонмардй дида намешавад.

Ахсан ба ту, ШЕРИ ЖАЁН (Шерхон)! Дарвокеъ, Юсуфи дустдор (Юсуфи Канъонй) низ одоби хамида дорад.

Шерхон Салимзода яке ягона корманди бехтарини Хукумат ба шумор меравад, уро барои боадолати, босаводи, оддигию кордон хурмату Изат мекунанд ва хоханд кард! Тагийротхои бузурги конуни дар Парлумон ба ташабьуси Салимзода шуда буд, у бехтарин ва бокувваттарин прокурори точик аст, асосгузори Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия аст! Барои хизматхои бенуксон Шерхон Салимзодаро сипосгузори мекунам! Ю. Рахмон низ яке аз шогирдони бехтарини Салимзода мебошад!

анвар
абача чихели зур бд ягон кори хуб кадаги набуд барои халк !!

Илтимосс 1 кори хуби барои халк кадагиша ку бген ами таърифкадагиё? касе ки таърифш кадестахай бо аму хешу таборошай !!!

Инхо хардуяшон бехтарин кадрхои Точикистон хастанд.Рохбари Давлат худаш медонад,киро даркучо чой дихад.Рахмон Юсуф бехтарин кадри Прокуратура аст.
Табрик ба шумо Рахмонов Юсуф барори кор бар ватан содикона хизмат кунед мувафакият ба шумо Ватандуст бошед омин Аллоху Акбар.Бародарон дар хаки коргарони давлати гапхои бад нагуед инхо хамаашон хизмати халкро мекунанд дар хакашон гапхои хуб гуед дар хакашон дуои хайр кунед онхо хам хурсанд шаванд аз паи кори давлат шаванд,Мо хама мардуми Точикистон мусалмонем мусалмон бародари мусалмон аст дилозори накунед бародарон.

Кароматулло
Шерхон Салимзода-ро набояд аз вазифааш озод мекарданд,балки уро доими мемонданд.

Кароматулло
Ба Рахмонов Юсуф барори кор сарбаланди ва саломатии солимро хохонам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)