Бахшҳо

(ВИДЕО) Ташхиси пеш аз тӯй: Ҳама тарафдор?

Бештари сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мегӯянд, ҷонибдори ташхиси вазъи саломатии домоду арусҳо қабл аз издивоҷанд.

Як назарпурсии видеоии “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нишон дод, ки аксаран аз пешниҳоди ташхиси қабл аз туй ҷонибдорӣ мекунанд. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар дар паёми солонаааш ба парлумон зикр кард, ҷавонон пеш аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Ӯ ба ниҳодҳои масъул дастур дод, пешниҳодҳои дахлдорро ба ҳукумат ироа кунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз коршиносони экспертизаи додгоҳӣ пешниҳод карданд, то як қонуни вижае таҳия шавад, ки дар асоси он домоду арусон муваззаф шаванд, то пеш аз хонадоршавӣ вазъи саломатии худро ташхис намоянд. Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҳам рӯзи 26 январ гуфт, ташхиси қабл аз никоҳ метавонад ба коҳиши ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат кунад. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014, 9 ҳазору 132 ҳолати бекоршавии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 938 холат зиёд мебошад.

Ҳамсуҳбатони “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе бар ин назаранд, ки ташхисҳои пеш аз издивоҷ ба бунёди оилаҳои солим замина мегузорад. Ба ақидаи пурсидашудаҳо бештари ҷавонон дар муҳоҷират кор мекунанд ва онҷо шояд ба касалие мубтало гарданд, ки худашон аз он хабар надоранд ва баъди издивоҷ беморӣ ба ҳамсарашон мегузараду солимии оиларо барҳам мезанад. Иддае аз дигар пурсидашудаҳо аз никоҳи хешутаборӣ нигаронӣ карданд, ки ба гуфтаи онҳо баъзан бо иллати мувофиқ омадани хунҳо фарзандони носолим ба дунеё меоянд. Муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ созад. Видеои назарпурсиро инҷо тамошо кунед ва назари худро ҳам бинависед.


Мӯҳр
Метарсм бо справка хари сар нашава, аксари студенто справкаи 08 института мехаран, инам як рохи пул коркуни мешава агар фуруши справкаи саломати сар шава.

Душанбеги
Дар масъалаи карор кабул намудан барои хатмии ташхиси тибби ман 100 дар 100 рози ва чонибдори менамоям ки кабул ва ичро шавад.
Сабаб: Бисёри чудошавии оилахо аз рузи аввали хайёташон сар мезанад барои он ки баъзе духтархо нодухтар мебароянд дар шави аввали хайёт ё баъзе писархо касили мебошанд ки хамхобаги карда наметонанд.
Хулоса: Ман чонибдори кабули карор дар бораи ташхиси тиббии хатми мебошам.
Хамчун як шахрванд фикру акидаи худамро байён доштам.

CАИД
Салом бародарон ман як назар дорам ва мехохам дустони дигар фикрашонро нисбати андешаи банда иброз доранд.... Рости ман ба ин фикрам, ки хаин бадахлокии чавон духтарону чавон писарони мо хамааш аз чониби хукуматдорони мо сурат мегирад... чи гуна? Дар чомеаи имрузаи мо аз чумла духтарон наметавонанд дар ягон муассилин, беморхона, корхонахо ва гайра руймол дар сар дошта бошанд холо мо сатро яксу мегузорем... онхоро мачбур месозанд то либоси аврупои дар бар кунанду баъдан ба чои кор ё дарс хозир шаванд. Дар хамин хол шумо худ андеша кунед замоне як духтари зебо дар баробари зебоияш худашро нимбарахна карда ба чои кор меояду нозу ишва карда дар пахлуи хасабаку хамкори худ (яъне мардон) меистад дар ин холат шахвати он чавон аланга намезанад? якинаст, ки он мард накшахои чи гуна ба доми фиреби худ ва чи гуна истифода карлдни он занро мечуяд... ва биллохира духтар хам дар ин рох олуда шуда, боиси дахо беморихои сирояти мегардад ва ба рохои номаълум ба шавхар мебарояд ва кудакони маъюб ва ё боиси чудошави дар оила мегард.... Ба Худо касам як дусти ман ба Кумитаи кор бо занон барои як масъала мурочиат рафт вай дусти ман албата духтараст вай дар тан либоси хичоб надош балки хаво сард буд як руймолча баста буд ва дар баданаш кутка дошт барои як руймоли баста аз чониби кормандони кор бо занон ба у чикадар дугу пуписа заданд, ки ту коргари давлати бо ба хамингуна руймол мегарди! дар холе, ки Кумита барои ислохи камбудии чойдоштаи занонаст на коргирифтан ба либосхои онхо!!! Боки худатон казоват кунед дустони азиз айб аз кучост. Бори дигар мегуям Валлохе хамаи духтарону хохарони моро хамин гуна шахсон расво кардаанд. Илтимо озоданон чопашкун.

САИД
ОЗОДАГОН ЧАРО ХАКИКАТРО МЕНАВИСАНД НАМЕГУЗОРЕД Ё ШУМО ХАМ МЕТАРСЕД?

ОЗОДАГОН ЧАРО МО ХАКИКАТРО НАВИШТА РАВОН МЕКУНЕМ ШУМО ДАР КАМЕНТАРИЯ ЧОП НАМКУНЕД?

П-т
Агар аз ташхиси тибби гузаранд хамон духтар покиза хисобида мешавад!
Хато мекунед, бояд дигар узвхои духтаррро аз ташхиси тибби гузаронанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)