Бахшҳо
28 янв 2015 13:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шабдолов: "Мошенник"-ҳоро муҷозот, вале маъюбонро сарсон накунед (ВИДЕО)

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар парлумон хостори таҳқиқ ва ҷаримабандии нафақагирони ғайриқонунӣ шуд.

Ӯ гуфт, маъюбони “қалбакӣ” бояд аз саффи нафақагирон берун бурда шавад: “Мо медонем, ки одамони корчалону “мошенник” худашонро дар қатори маъюбон шомил кардаанд, ёбанду аз саффи нафақахурон берун кашанд ва ҳатто ҷарима баста шаванд.

Ин нуктаҳоро Шодӣ Шабдолов зимни қабули лоҳиаи қонуни ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон” иброз дошт. Ӯ инчунин эътирози худро аз бандҳои алоҳидаи лоиҳа баён дошт. Аз ҷумла Шабдолов таъкид кард, ки агар моддаи 32-и қонунро бардорем, он метавонад боиси саргардонии нафақагирони маъюби аслӣ шавад:“Моддаи 32-уми ин қонун муқаррар кардааст, ки ба мардони аз 63-сола боло ва занони аз 58-сола боло нафақаи маъюбӣ бояд барои якумра таъин шавад ва бозбинии он бояд бо дархости шахси маъюб сурат гирад. Ҳамаи мо медонем, ки аз 60 гузаштаӣ дигар саломатӣ хуб намешавад. Аммо мо метавонем, боз ҳамаи онҳоро саргардон кунем.



Баҳи нафақахурҳои ғайриқонунӣ дар парлумон дар ҳолест, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Ӯ Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.” Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кард, нафақае, ки ин афрод мегирифтаанд, корӣ набуда, нафақаҳои маъюбиянд, ки бо роҳи сохтакорӣ ба даст овардаанд.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, соли гузашта 37 ҳазору 548 нафақагири маъюб аз ташхис гузаштаанд, ки аз ин миён 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солиманд.
Мӯҳр
О инхо аз муллохо хам гузарониданд, ку. Кани амнияти давлат, кани милиса, кани органи дохили, кани ахбороту маълумот, кани мучозот. Магар ин ватандустии мансабдорхо аст? Садкаи номи ватану миллат шавед. Ризки сагеру каберу шахсони маъюб аз биниатон мебарояд. Худо хозиру нозир аст....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)