Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Дар бинои марказии ҲНИТ ёдбуди Устод Раббонӣ баргузор шуд

23 сентябр 2011, 10:23

Дар ҳамоиш беш аз ҳазор нафар иштирок доштанд.


Ҳасан Раҳимпури Асғарӣ, донишманди ҷаҳони ислом аз ҷумҳурии исломии Эрон, Абдулҳодӣ Аванк, раҳбари ҳизби исломии Малайзия ва намояндагони ҷумҳурии исломии Афғонистон бо раҳбарии Шамсулҳақ Ориёнфар низ аз ширкаткунандагони маросими видоъ буданд.

Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки устод Раббонӣ нафаре буд, ки барои ҳар як тоҷики тоҷикистонӣ шиностар аз ҳамсояву хешу табораш аст. Ӯ ҳукми падарӣ барои садҳо ҳазор муҳоҷирини тоҷикро дошт.

Шамсулҳақи Ориёнфар, Раҳимпури Асғарӣ ва ҷаноби Абдулҳодӣ Аванк низ суханронӣ намуда, аз Устод Раббонӣ ёдоварӣ карданд. Ориёнфар гуфт, ки ӯ ҳамеша дар ҳама ҷабаҳо ва маҷолис дар тӯли ҷил соли ахир пешво ва раҳбари тамоми ақвоми Афғонистон буд. «Дар ҳама ҷо агар намояндагони тамоми миллату қавмҳои Афғонистон ҷамъ мешуданд ва агар устоди шаҳид иштирок медошт ҳатман роҳбар ӯро интихоб мекарданд».

Иштирокчиёни ҳамоиш террорро дар ҳар шакле, ки набошад маҳкум намуданд. Ёдбуд бо тиловати Қуръони Карим поён ёфт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!