Бахшҳо
29 янв 2015 08:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси “Барқи тоҷик”: “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда- 2” ба мо беш аз 60 миллион зарар оварданд

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” арзиши нерӯи барқи харидоришуда аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”-ро гарон хонда, мегӯяд, аз ҳисоби харидории қувваи барқ аз ин ду нерӯгоҳ беш аз 60 миллион сомонӣ зарар дидаанд.

Рустам Раҳматзода рӯзи 27 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, агар ба ҳисоби миёна нерӯи барқро аз “Сангтӯда-2” ҳудуди 15 дирам харидорӣ намоянд, онро ба аҳолӣ бо қимати 10, 80 дирам мефурӯшанд.

Номбурда иброз дошт, дар соли 2014 аз ин ҳисоб аз “Сангтӯда-1” 33 миллион сомонӣ ва аз “Сангтӯда-2” зиёда аз 35 миллион сомонӣ зарар дидаанд. Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, имрӯз дар назди “Сангтӯда-1” аз 450 миллион сомонӣ зиёдтар ва назди “Сангтӯда-2” беш аз 170 миллион сомонӣ қарздоранд: “Вақте қарзро гирифтед, гардониданаш ҳатмӣ аст. Нисбати гардонидани қарзҳо нақшаи чорабинӣ кардаем ва бо иҷозати Шӯрои нозироне, ки имрӯз дар назди ҳукумат таъсис ёфтааст, ҳар моҳ маблағи муайянеро пардохт мекунем”.

Ҷаноби Раҳматзода таъкид намуд, ҳар моҳ ба “Сангтӯда-1” беш аз 15 миллион ва ба “Сангтӯда-2” 5 миллион сомонӣ пардохт мекунанд. Ӯ мегӯяд, соли гузашта дар маҷмӯъ 210 миллион сомонӣ қарзи “Сангтуда-1” ва 66 миллион сомонӣ қарзи “Сангтуда-2”-ро баргардонидаанд.
Мӯҳр
Боз хамон гапхои хавоии рохбарони пешинаи ин раис, охир барки аз хисоби ин чамъиятхоро танхо барои ахоли намкфурушед-ку, нархи дигар сохахоро хам баназар гиред, инчунин бояд ба шумо хотирасон намоем, ки нархи фуруш ба ахоли аз 01,07,2014 12,6 дирмро ташкил медихад, на ин ки 10,8 дирам ва боз ин ки дигар харочотхои хавоиро камтар намоед.

Саломат бошед. Чаноби Оли афсус ки торочгарогро то имруз ба ин ниходи калиди гузошта буд. Умедворем, ки Шумо аз ин тоифа нестед ва барои ин миллат як зарра дилсузи аз Шумо умед бастан мумкин. Ба пеш чаноби Рустам!

Saif
Чаноби Раис, барои сохторхои тичорати 1 Квт нархи кувваи барк 0,36 дирам аст-ку??? Барки "Сангтуда " 1 у 2 -ро аз хисоби ширкатхои тичорати рйпуш кард намешавад???

ту мегуи,ки баркро 15-16 дирам мехарему 10-12 дирам мефурушем?? Охир як дуруге бигу,ки камтар хакикат дошта бошад.
Наход геси ,ки милионхо доллар харч кардани аз бучаи давлат имруз зараратон расонад ? Кучост он иктисоддонхои сиесатшинос,ки корашон чузь хамду санои рохбар чизе нест??? Гес дар точикистон харчи точикистон аммо точикистон имруз зарар Дида истодааст .

барои пешрафти соха 1 кум махинация камтар кардан даркор 2 юм бонки ;;Барки точик;; ташкил кардан дар кор токи маблаг даст рас бошад на онеки амонат бонк бад ориенбонк аз ончо офшор маблагхо гайб мезанад,

сарбанд
огои рахматзода гуфтаниай ки нархи барка ба мардуми шарифи торикистон боло барад шумо чй мегуед???

Ман 36 дирам месупорам хар мох 500 с меша кучо мера пули ма????????? Ай шоти ма карзи сангтудара медодед то имрузп буд мешид бо карздор мекардедша ма дах сол гуд пул месупорум

Машраф
Дар Хучанд 13 дирам барои 1квт мегиранд ку.

Мӯҳтарам вазир шумо ҳаму бучинакҳои барқа назорат кнед намедонум дар деҳаҳо

Файз
Бо ин гуфтахояш мехохад дуругхои худашонро пинхон нигох доранд. Аз сангтуда 15 дирам харида ба ахоли 12,6 дирам мефурушаду аз дигар гесхо чанд дирами гирифта ба хорич ва сохибкорон мефурушад? Агар дар фикри мардум, ки бошед аз дигар гесхое, ки бепул мегиред ба мардум аз 12 дирхам хам арзонтар бидихед ва 15 дирими сангтударо ба хорич ва сохибкорон фурушед

Али
Эй мардум, чизеро надониста даррав гайбат накунед. Дар хакикат хам Рахматзода кадри хуб аст. Дар давраи раиси нохия нохияхои Айниву Зафаробод буданаш хело ободихо кард. Сиёсатмадори бехтарин аст. Албатта зарар аст аз Сангтудаи 1-2, агар ин неругоххоро худи мо месохтем, гапи дигар буд, якташ азони Эрон, дигараш азони Россия. Гап дар сари 16 дирам харидану 12 дирам фурухтан нест. Дигар проблемахо вучуд доранд, инчо як хисоби арифметики нест, ки чамъу тарх кунед.

Точик
Чаноби Рахматзода, мунтазам таъмин намудани ахоли бо неруи барк вазифаи шумо масъулону хукуматдорон аст. Агар сохтмони он силсиланеругоххои хурду бузург дар руи рудхонахои Точикистон тибки барнома ба таври бояду шояд амал мекард, кор то ба ин дарача намерасид. Имруз ки кор ба ин сатх омадаст, мардумро бо ин хизмати хирсона минат мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)