Бахшҳо

Шукруллоҳӣ: Лоиқ ба ҳар касу нокас шеър набахшидааст

Кароматуллоҳи ШУКРУЛЛОҲӢ

«Лоиқи ҷон»-и Сорбон вафо накард. «Ҷӯраи ҷамолакӣ»-аш ӯро гузошту рафт. Агар мебуд дар оғози баҳори ҳафтоду панҷумин солрӯзи бобаракати ёри нависандааш чӣ мегуфту чӣ мешунуфт?! Агар мебуд ҳалқаи ҷӯраҳои ҷамолакӣ танг намешуд, ӯ дарнамеёзиду инҳо ба по намеистоданд. Дареғ, ки ӯ рафт...

Лоиқу Сорбон аз оғоз ҳамдам буданд. Ва ба ҷуръат метавон гуфт, ки ҳеҷ як аз шоирону нависандагони тоҷик то ин поя бо зиндагии ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҳамдигар наздикӣ ва омехтагӣ надоштанд, ки Лоиқу Сорбон доштанд. Хати сайри робитаи онҳоро мурур карда, метавон яқин кард, ки онҳо омили нашри рӯҳонии равиш ва маниши якдигар буданд. Дар муҳите рушд карданд, ки сафои андеша ва шеъру насри бикр фазояшро сайқалёфта ва мусаффо намудааст. Лоиқ ба ҳар касу нокас шеър набахшидааст. Вале яке аз аввалин шеърҳояшро, ки дар он шахсияти инсонӣ решаҷӯйӣ мешавад, ба Сорбон бахшидааст. Ин шеър “Ҷавонӣ” ном дошта, соли 1965 таълиф шуда буд ва мухотабаш Меҳр аст. Меҳр номи мустаори онзамонии Сорбон будааст. Баъдтар Лоиқ шеъри дигаре бо номи “Барои Сорбон” гуфтааст. Ҳар ду шеър ҳам фазои поку мусаффои улфат, алоқаи рӯҳонӣ ва решадори Лоиқу Сорбонро менамоянд.

Лоиқ Сорбонро “нависандаи саркаш ва пурғурур” шинохта, афзуда буд, ки “Ман агар дар шеър як мартабае ёфта бошам”, устод Сорбон дар наср ҷояш мусаллам аст... Лоиқ Сорбонро нависандаи воқеан боасолат дониста, таъкид карда буд, ки “ҳар чи мушоҳида кардааст, ҳар чи ба назари вай мерасад, барои насри бузург истифода мебарад”. Он чи зикр шуд мавеқияти рӯҳонӣ, маънавӣ ва ҳунарии Лоиқро нисбат ба Сорбон равшан ифода мекунад. Вале Сорбон умед надошт, ки ҳарфҳои дилаш барои дӯсти ҷавонмаргаш ногуфта мемонад.

Сорбон зери таъсири марги нобаҳангоми Лоиқ “Лоиқнома” навишт, хеле зуд. Ин асар фақат ёддошт не, балки тозатарин навъи сугсуруд ва ҷомеътарин андешаву оро дар боби шахсият, зиндагӣ ва ҳайсияти ҳунарии Лоиқ ва унсу улфат ва ҳашру нашри ӯ бо муосирон, замон ва замондорон аст. Нависанда бо тарзи хоси фарогирии воқеаҳо ва ҷузъиёти зиндагии Лоиқ тавонистааст шукӯҳ ва ҷалоли зиндагии ҷисмонӣ ва ҳунарии ӯро намояд. Аз хилоли сатрҳои Сорбон як-як таъсирот, умедҳои хомӯшшуда, орзуҳои аздастрафта, ҳасратҳои дар сина хафагашта берун меоянд. Ҳар чӣ дар дил ва зиндагии шоир буд намоён мешавад. Баёни Сорбон танҳо ифодагари шукӯҳу ҷалол ва дарду армони Лоиқ нест, балки авотифи дардноки худи нависанда низ ҳаст.

Сорбон дар эҷоди ин сугсуруди дардовар ба се асл комилан риоят кардааст: аввал ин ки ба воситаи ёдвораҳо шукӯҳ ва ҷалоли зиндагии инсонӣ ва ҳунарии Лоиқро мустанад ва таъсиргузор меофарад то заминаи отифие барои шигифтзада шудани хонанда фароҳам оварад, дуввум ин ки нависанда бо тасвири пайванди ҷисмонӣ, рӯҳонӣ ва маънавии Лоиқ бо муҳит, бо одамон, лаҳзаҳои тардиду тавассул ба ҳар чизу ҳар кас, ба баёне бисёр зинда ва муассир ҳузну малол ва ғаму андӯҳи худ, алоқамандони шеъри шоир ва пайвандонашро заминасозӣ мекунад ва ниҳоят, дар хотимаи асар нависанда мамдўҳашро мухотаб месозад ва ба тарзе эҳсосот ва хотироташро иброз медорад, ки маълум мегардад “ҷӯраи ҷамолакӣ” дар ин фоҷиа ба тавре мабҳут ва аз худ бехуд шудааст, ки гӯё аз марги дӯсташ бехабар аст. Бинобар ин ҳам хитобаташ ба шоири фавтида монанди ҳамон хитобатест, ки бо ӯ дар замони ҳаёташ мекардааст.

Табиист, ки ваҷте одам пешомади бадеро ҳис мекунад, зеҳнияташ бештар ба гузашта, ба ёдвораҳо банд мешавад. Хабари бемории Лоиқ дилу ёди нависандаро мехӯрад. Аз ёдмони ў ҳар чизи баду нек, ки бо сарнавишти Лоиқ паванд мехӯрад, берун меояд. Ин усули нигориш имкон фароҳам овардааст, ки нависанда авотифи дардноки сарнавишти Лоиқро ба хонанда намояд. Ин гуна лаҳзаҳо, ки бузургии фоҷиаи қарибулвуқӯъ, яъне даргузашти шоирро таъйид мекунанд, сӯҳбати сари роҳӣ нестанд. Балки нависанда бо зикри саҳнаҳое аз ҳасратҳои дар сина хафашуда ба онҳое ҳушдор медиҳад, ки гоҳо бе теғу тир ҳам метавон одам кушт. Сорбон дар ин боб маъниро сайлон медиҳад ва ҳоли дили Лоиқро менамояд, ки ситамгороне ба ҳар ваҷҳе хун карда буданд.

Сорбон аз митинги соли 1993, ки дар зодгоҳи шоир барпо шуд, бе ваҷҳ ёд накардааст. Рӯйи суханаш ҷониби онҳоест, ки шоиреро, ки “умраша ба хотири миллату ватан гузаронд”, хорӣ доданд. Нависанда дар ин ёдвораҳои отифӣ омилони захмҳои рӯҳии шоиро меҷӯяду рӯнамоӣ мекунад. Ин кавдану бадгумонҳо Лоиқро хеле пештар куштанӣ буданд: “Ҳам бо кумаки фоҳишамашрабҳо, ҳам бо ёрии сиёсатбозҳо ва бо ёварии дасисабозон, даллаҳо ва бештар бо такопӯи беҳунарон, ҳасудон, шоиртарошон”. Нависанда аз ноқидони сиёсатбози ноҷавонмарди фавтидаи шеъри Лоиқ нахостааст ёд оварад. Фақат таъкид мекунад, ки онҳо “бояд худашонро шиносанд аз ин сатрҳо”. Ин ҳама талмеҳоти нависанда ба ахлоқи онҳое ишора мекунад, ки заминасози кулфатҳои азими рӯҳии шоири бузург буданд. Ва дар ин замина шоир камтар бори маломат накашидааст.

Хонандаи имрӯз намедонад, вале хонандаи муосири Лоиқ ин гуруҳи даллаву даюсро мешиносад. Ҳатто шоире барои шеъри “Ду масчоҳӣ дар овринг” – и Лоиқ бисёр мехост ӯро ба маҳкамаи солҳои сивуҳафти сталинӣ бифиристад...

Рӯҳи ҳасос, дили меҳрпарвар ва ақли дарроки Сорбони “дардошно, ғамшарик, ҳамроз, ҳамшодӣ, ҳамроњ, ҳамкоса, ҳамсухан, ҷондор, ҷонгарав...”–и Лоиқ аз он чи ки аз сари бародараш гузашта, ранҷ мебарад. “Раҳораҳ ҳама буду шудро кино” мекунад, дар мағзи сараш ва ойинайи чашмаш: Лоиқро “ҳамчунон хушгӯ, шеърхон, хандон, сархуш ва зебо” мебинад. Ҳасрати ӯ ин аст, ки кош ҳама мисли ӯ “сапеддил, бекина, беғараз, ғамхори кишвару халқу ватану миллат; созандаи адабиёт, донандаи забон ва тамаддун ва торихи Порс; ҷӯёву гӯё ва соҳиби бисёр хислатҳои хуби рисолавӣ” мебуданд.

Ва боз “буду шудро кино” мекунад. Аз он чи аз сари Лоиқу худаш гузашта намоди ибрат месозад. Ёдвораҳои нек боиси таскини рӯҳаш ва ёдмонҳои бад ҷони ғамдидаву ситам кашидаашро озор медиҳанд. Ранҷи муфориқат аз азизи дилаш дилу ёдашро мехӯрад. Барои нависандаи огоҳ савдое ва шӯре ҷуз барои як мавҷуди азиз дигар чизе боқӣ намемонад ва аллакай табъан эҳсос кардааст, ки аз даст додани Лоиқ то аъмоқи вуҷуд ӯро мегудозад. Дар хилоли ҳар сатр рӯҳи ҳассос, фикри пухта ва зиндагӣ ва ахлоқи воқеии марди комиле чун Лоиқ ҳулул шудааст. Сорбон ҳар қадар ба зиндагии воқеии Лоиқ фурӯ меравад, бештар ба марг меандешад. Ёдаш меояд, ки ӯро анқариб буд соли 1996 дар рӯ ба рӯи корхонаи Ҷиҷикрӯд камондорон бикушанд. Дар садамае дар Талоқи Марзич Худо шафоаташ кард. Боре гавдане, нобакоре аз паси сар бо оҳане зада Лоиқро куштанӣ буд. Ва боз дар Варзоб худованд ӯро аз чанголи “бангиҳо”-и одамхӯр раҳоӣ бахшид.

Вале ҳоло дили “ёри ошно”-ро гургон тала мекунанд. Ҳарчанд беҳтарин лаҳзаҳои рӯзгори Лоиқро медонист, боз аз лаҳзаҳое, ки бе ӯ гузаштаанд, бехабар буд. Ба хусус аз он чанд рӯзе, ки ин фоҷиа ба сари шоир омад. Пиндору хаёлаш ба куҷоҳо намерафтанд. “Ба мардиву намардиҳо, ба рӯзгор, ба муҳит, ба офоқи пур аз фитнаву шарр, ба дӯсту нодӯст”. Ба ёд меовард, ки падараш одам равзаву ризвонро ба ду гандум бифурухт, пас, тааҷҷуб намекард, ки нохалафе... Вале бовар намекард, ки “Лоиқро касе заҳроба хӯронад...”

Дар сугсурудаш Сорбон ибдоъе камназир мекунад. Варзобро, Замчрӯдро мухотаб қарор медиҳад. “Ҳамон шоири шўхшанг, ҳамон бебок, ҳамон ошиқ, ҳамон майхора” – ро, ки рӯдҳоро дӯст медошт, дар канори ин рӯдҳо менишонад. Як-як аз орзуҳо, умедҳо ва ҳасратҳо ёд мекунад. Ин хитобатҳо фоли ҷудоӣ мезананд, вале то охирин лаҳзаҳо “ҷӯраи ҷамолакӣ” умед дорад, ки “ҷое гирифт карда ва бояд кушода шавад, аз нав равони... ёри ошно... гирд гардад.” Вале...

Сорбон дар анҷоми ин сӯгсуруд худро ба ҷои Лоиқи мушарраф ба марг мегузорад ва ба ҷойи ӯ барои зиндаҳову мурдаҳо нудба мехонад. Аз он мемӯяд, ки Лоиқро дар “мурдахона” боздоштанд, ӯ меноладу “ёри ошно”-яш намешунавад. Мехоҳад, ки дар паҳлӯи Лоиқ хок шаваду хабари кирдорҳое пас аз ӯ рухдодаро барояш биоварад. Аз он бигӯяд, ки “аз устод Турсунзода дуртар” дар паҳлуйи гури устод Улуғзода гураш карданд. Аз он гӯяд, ки мехост гури ӯ “дар баландие ҷой гирад, ки миёни мақбарайи” ӯву “мазори Мирзо Турсузода дарвозае гардад ба мазори номдорони кишвар”...

Сорбон мемӯяд. Тарзи бархӯрди ӯ ба марги “ёри ошно” – яш зери таъсири ҳиссиёти шахсӣ қарор гирифта, ба сугсуруди ӯ хусусияти тарҷумаиҳолӣ ва ёддоштӣ мебахшад. Ин сугсуруд муколаммаест, ки онро аз ёддошт ба васиятномаи хос бадал месозад. Аз ин назар мӯҳтавои он на фақат ба ашхоси наздики шоир, балки ҷомеа низ мутааллиқ мебошад. Нависанда ба воситаи зикри муҳимтарин ҳодисаҳои зиндагиномаи Лоиқ эҳсосоти хонандаро барангехта, ба ин васила зеҳни мухотабонашро тез карда, риққат ва отифаи онҳоро ҷалб мекунад. Сорбон ин сугсурудро ба фармони дил гуфта, аз ҳеҷ чиз боке надошта ва таъсирот ва таълимоти ҳақиқии худро аз шинохти Лоиқ ва мақоми ӯ арза доштааст.

Сорбон аз оғоз то ба анҷом дар ин сугсуруд нозир ва иштирокдори лаҳзаҳои рӯзгори Лоиқ буда, бинобар ин ҳам домана ва асоси тасвирсозӣ ва саҳнапардозиҳояш васеъ ва қавӣ мебошад. Садоқат, ростӣ, якрӯӣ, бо имонӣ равиши бунёдии андеша ва орои ӯро дар ин сугсуруд тарсим медиҳад.
Нависанда бо фарогирии мусибати ба дил ва ҳиссаш наздик ба таъсири сугсуруд афзуда, парда аз рӯи ҳақиқати зиндагӣ бар медорад ва таҷрибаи талхашро аз ин мусибат дар қолаби наср мутаҷаллӣ мекунад, ки хонанда онро ҳис мекунад ва ё саранҷом ҳис хоҳад кард. Сугсуруди Сорбон дар ҳақи Лоиқ ҳар касеро ба андеша во медорад, ҳамдардонро мутаасир месозад ва рақибони маънавии шоиро низ дер ё зуд аз по дар меоварад. Сухани Сорбон ба замина ва омилҳои марги Лоиқ ишораи сареҳ дорад, ки метавонад ҳам боиси тасаллӣ ва ҳам ҳушёрии миллат гардад. Ғами Сорбон дар ин сугсуруд ҳарчанд ҷовидонист, аммо тасалиёте ҷовидона низ дорад, ки дилфишор аст.

Сорбон марги Лоиқро мусибати бузурги зиндагии хеш таъбир мекунад ва бисёр мехоҳад он ҷо дар лаҳад ҳамроҳи “ёри ошно” – яш бошад. “Даричаи лаҳаду айвонро чим зананд” ва ӯ аз Лоиқ ҷудо набошад ва чизҳоеро, ки мебоист ба ҳам мегуфтанд, он ҷо бигӯянд. Дили ӯ тоби бардошти доғи муфориқатро надорад. Нигоҳи ҷомеъ ва инсондӯстонаи нависанда ба сарнавишти “ёри ошно”–и шоираш аз муҳимтарин фазилати ин сугсуруд аст. Сорбон чеҳраи инсонӣ ва ҳунарии Лоиқро менамояд ва ғаму дарди хешро аз реҳлати “ёри ошно” буруз медиҳад. Дарди Сорбон аз даргузашти шоир фардӣ нест, балки фарофардӣ, таъмимист ва бо гузашти замонҳо таъсири он бар ҳис ва андешаи инсонҳои огоҳ кам намешавад. Дар боби тафсири хилқати инсонии Лоиқу Сорбон дар матни ин сугсуруд метавон гуфт, ки Сорбон на танҳо Лоиқро дӯст медошт, балки аз ёронест, ки ба шахсияти инсонӣ ва ҳунарии “ҷӯраи ҷамолакӣ”-яш ишқ меварзид ва умеду орзу ва ҳастии худро бо сарнавишти Лоиқ пайванд медод. Барои ҳар ду савдое ва шӯре ҷуз барои як мавҷуди азиз боқӣ намемонад ва бинобар ин ҳам аз даст додани Лоиқ то аъмоқи вуҷуд нависандаро мегудозад.

Сорбон шояд аз ба нудрат қаламкашонест, ки назари иҷтимоиаш дар ҳамаи навиштаҳояш ошкор аст, аз ҷумла дар ин сугсуруд низ. Вай аз марги инсони мушаххас, “ёри ошно”-яш мӯя мекунад. Аз марги шахсе, ки дар матни муносибатҳо ва бархӯрдҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Агар ба андешаҳои нависанда дақиқ таваҷҷӯҳ кунем, дар меёбем, ки ӯро аслан масъалаи маргу зисти инсон мутаваҷеҳ надоштааст, балки он аносири иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки инсони фавтида, аз ҷумла Лоиқро ҳамроҳӣ карданд. Аз ин назар, марги Лоиқ дар матни сӯгсуруди Сорбон нобаҳангом буда, табиӣ ба назар намерасад. Ҳатто дар хилоли сатрҳои ӯ чеҳраҳои “табибони ғаллатбин” ва “устурлоби нигарони каззоб” ҳамчун омили иҷтимоиву фарҳангӣ рӯнамоӣ мешаванд, ки дар тағйири сарнавишти инсонҳо даст доранд. Дар ин матн марги Лоиқ низ барои Сорбон новақт ва мусибати талх аст.

Барои Сорбон ин сугсуруд восилаи худифшоӣ низ будааст. Ин тарзи нигориш ба нависанда имкон фароҳам овардааст, ки ба сарнавишти Лоиқ, ба олами маънавии ӯ, ба ҷаҳони номакшуф ва пуррозу пурзиддияти ӯ бо чашми розҷӯ нигарад. Ин тарзи нигариш сугсуруди ӯро огандаи андешаҳои фалсафӣ дар бораи инсонҳо, ҷамеаву ҷомеадорон ва равишҳои фарҳангии муносибу номуносиби ҷомеа гардонидааст.

Таъзият ва тасаллият мояи аслии сугсуруди Сорбон нест. Балки марги шоири ба ном ва ҳаводиси ба он вобаста, дар тафаккури нависанда як паҳлуи шинохти моҳияти аслии масъала буда, тарафи дигари он шинохт ва тафсири моҳияти зиндагии табии инсон аст. Нависанда мутмаин аст, ки саранҷом ҳама ба шуғли худ боз мегардад ва ин мурдааст, ки ҳамчунон дар оғуши хоки сард боқӣ мемонад. Ин равиши фикрии нависанда моҳияти андешаи ҷаҳоншиносӣ ва равиши идроки бадеии ӯро аз воқеиёти зиндагии як шахс дар матни замони таърихӣ ва фарҳангӣ таҷассум мекунад. Шояд байти зери Камоли Исмоил беҳтар аз мо асрори марги Лоиқ ва андешаҳои Сорбонро тасвир кунад:
Айёмро зи дарди дили мо хиҷолат аст,
Ҳоҷат ба шарҳ нест, ки моро чӣ ҳоҷат аст.
Мӯҳр
Адиб
Лоик ба хар касу нокас сарсухан нанавиштааст.

ДДД
Ёдаш бахайр бод устод Лоик Шерали бехтарин шоири асри 20 ва 21 махсуб меёбад.

Лоик Ш бехтарин шоирай

причем тт лоик ,когда ложная пиара о сорбоне

Ховари Пулод
Номи Лоики азиз дар равоки калбхои ошикони шеъри асил бо харфхои тиллои,то оламу одам хаст,човидони мемонад.Ман аз мактаб ва сухбату китобхои устод Сорбон бахрахо бурдаам.Носири хуб,сермахсул,рангинхаёл,зебопараст ва тозапиндоранд.Перомуни расолати адиби ва инсонии шоири бузурги миллат "Лоикнома"-и устод Сорбон арзишдортарин асари хотирави ва хондани махсуб меёбад.Мадфани Лоик хамешанурбор ва давлати пирии устод Сорбон илохо бегазанд ва бардавому беосеб бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)