Бахшҳо

(ВИДЕО) Падари маъюб: Мо 60 сомонӣ гирифта наметавонем, баъзеҳо 18 ҳазор мегиранд

Падари як маъюби гуруҳи дуюм мегӯяд, баъди паёми райисҷумҳур ва нишасти хабарии Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, ки дар бораи нафақаҳои маъюбии афроди соҳибмақом гуфта шуд, тасмим гирифт, мушкили писарашро расонаӣ кунад.

Зоҳир Саъдуллоев, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди даводавҳои зиёду бенатиҷа барои дарёфти ҳуҷҷатҳое, ки маъюбии писари 23-солаашро тасдиқ кунад, то ҳадде ноумед шуда буд. Аммо пас аз он ки хабар ёфт райисҷумҳур дар ҷаласаи ахир аз ошкор шудани чанд ҳолат, ки мақомдороне бо дуруст кардани санадҳои сохта нафақаҳои ҳангуфт мегиранд, хабар додааст, дубора барои ҳал кардани мушкилаш қасд намуд: “Баъзеҳо то 18 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтаанд. Ба одами солим рост намеояд ин гап. Инро хонда ҳайратзада шудем, ки мо 60 сомонӣ нафақа гирифта наметавонем, аммо баъзеҳо 18 ҳазор сомонӣ мегиранд”.

Баҳси нафақаҳои осмонӣ замоне сар зад, аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар дар мавриди бо роҳи сохтакорӣ нафақаҳои зиёд гирифтани бархе мансабдорон дар ҷаласаи ахир хабар дода шуд. Ба дунбол, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш аз Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон" ва Амонуллоҳ Ҳукуматулло, раҳбари собиқи ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ном бурд, ки тайи чанд соли ахир моҳе беш аз 17 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтаанд.

Абдулло, писари маъюби Зоҳир Саъдуллоев, ки донишомӯзи бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, мегӯяд, пойҳояш танҳо бо 50 дарсади тавоноӣ кор мекунанд ва табибон бемории нимфалаҷ ташхис додаанд. Дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то 17-солагӣ нафақа дарёфт мекард, аммо баъди он ки барои муолиҷа ва забономӯзӣ Олмон рафт, пардохти нафақаи ӯ қатъ шуд: “Ҳудуди ҳафт моҳ аст, ки ба Ватан баргаштам ва барои барқарорсозии нафақа талош мекунем, аммо бенатиҷа”.



Ин сокини маҳаллаи 82-и пойтахт мегӯяд, барои таҳияи ҳуҷҷатҳо наздики 1200 сомонӣ масраф карда, аммо то ҳанӯз муваффақ нашудааст. Абдулло аз муносибати сард ва дурушти табибон бо корафтодаҳо низ шикоят карда гуфт, “бо беморон муносибатҳое мекунанд, ки ба ақл рост намеояд. Бояд вақте назди духтур рафтӣ, муомилае кунад, ки асаб ором шавад, баръакс абабҳоро хароб мекунанд”.

Ӯ мегӯяд, “ҳуҷҷати асосӣ барои ман ташхис буд, ки онро дар Олмон гузаштам ва духтурон ташхиси дубораро баъди ду сол иҷозат дода буданд, аммо вақте ба Тоҷикистон омадам табибони беморхонаи Қарияи Боло ташхиси Олмонро қабул накарда, гуфтанд, танҳо ташхиси худамонро қабул мекунем. Маҷбур шудам бо масрафи зиёда аз 400 сомонӣ дубора ташхис гузарам”.

Зоҳир Саъдуллоев мегӯяд, ба монанди фарзанди ӯ даҳҳо нафаре ҳастанд, ки ба чунин мушкил рӯбарӯ шудаанд: “Аз масъулин хоҳиш дорем, як шароите фароҳам биёранд, ки маъюбон саргардон нашаванд, тавонанд, ки дар як ҷойи муайян мушкилашонро ҳа намоянд”.
Мӯҳр
хуршед
Вазоратхо аз он Дуне фаромуш кардаанд

Таклифи ман. Баъзе маъюбони барчомондае хастанд, ки маблаге надоранд то чои ташхис раванд. (Онхоро нотавони мачбур кардааст, ки нафака гиранд). Хуб мешуд комиссиони махсус ба хонаводаи онхо рафта онхоро дар чои истикоматашон ташхис кунанд. Ман худам шохиди чунин вокеа хастам, ки баъзе аз касалмандон дар навбат истода то хатто ним соат токат карда наметавонанд (Касалиашон хуруч мекунад). Раиси комисион то хатто парвое надорад, баромада меравад кариб се соат гум мешавад. Чунки аз маъюбон ягон порае руёнида наметавонад. Маъюбон 2-3 руз ва аз ин зиёд сарсон мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)