Бахшҳо
30 янв 2015 11:16Тоҷикистон / Сиёсат

Устоди наҳзатии Президент аз имтиҳони КМИР нагузашт

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз 22 номзади маҳаллияш дар ноҳияи Данғара 10 нафар, бо шумули муаллими раиси ҷумҳури Тоҷикистон -- Хол Камолов аз имтиҳони забони модарӣ нагузаштаанд.

Тибқи иттилои ҲНИТ 29-уми январ зимни имтиҳони номзадҳои маҳаллӣ дар ҳавзаи маҳаллии интихобот дар ноҳияи Данғара аз ҷониби мутахассисони забон суолҳое, мисли боби дуюми қонун дар бораи забони давлатӣ чист, синоними вожаҳои мураккаб ва ғайра пурсида шудаанд.

ҲНИТ мегӯяд, комиссияи имтиҳонотӣ Хол Камолов, муаллими раиси ҷумҳурро барои он ноком эълон кардааст, ки ҳусни хаташ гӯиё бад будааст: “Бори аввал аст, ки ҳусни хат ҳамчун меъёр дар комёб ё ноком шудан ба кор меравад.”

Хол Камолов, сокини 82-солаи ноҳияи Данғара мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси омӯзгори фанни математика кор кардааст ва ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар мактаби миёна дарс гуфтааст.
Мӯҳр
Дарвеш
А бача ин ХНИТ бачои чавонон пирхоро номзад карданист ку

Хахах
чени пир савод дори? Т ика пир шай

Устоди хусни хат
Агар масъала хусни хати номзад бошад бояд кайд намоям, ки аз хама хусни хати безебро В. И. Ульянов (Ленин) дошт!!!!!!!!!!!!

Мухочир
Ман нафахмидам?

Салом, аз номи чамъи хамсинфони Чаноби Оли: Неъматов Хукмат, Чойлобов Асхомиддин, Неъматов Махмадулло, Талбакова Робия чунин гуфтаниям, ки муддати 10 соли бо Чаноби Оли Эмомали Рахмон тахсил карданамон, чунин муаллим бо ному насаби Камолов Хол ба мо ягон соат дарс надодааст. Ин дуруги махз аст.... Бо эхтиром, Хукматов Холназар.
Сомона барои ташрифи Шумоён:
https://mir24.tv/news/politics/9229885
https://mir24.tv/video_news/9231304/9229885

Тибки Дастурамалхои пешниходшуда бо номзадхои пешбаринамудаи ХНИТ дар нохияи Дангара мусохибаи шифохи гузаронида шуд. Хамчун мутахассис, синну сол ва ихтисоси Камолов Холро дида, бо у чунин мусохиба гузаронидаам:
Мутахассис: Кадом калимахо бо харфи калон навишта мешаванд?
Камолов Хол: Хомуш.
Мутахассис: Дар Точикистон кадом забон забони давлати аст?
Камолов Хол: Хомуш.
Акнун, худ хулоса бароред, ки у чи гуна вакили Мачлиси вакилони халки нохия мешавад. Утоке, ки мо мусохиба гузаронидем, бо кувваи барки доими пайваст буда, гарм буд.
Синну соли Камоловро ба назар гирифта, мусохиба бо у дар навбати аввал гузаронида шуд.

Бо эхтиром, мутахассис Фируза Муродова.

Ой бародарон холо хам аз давлатдории солхои пешин дарси ибрат нагирифтаед, ман хайрон мешавам, ки барои чи холо хам мафкураи моён мисли давраи шурави кор мекунад. Замона дигар шудаги, бояд дар хама сатхои мачлисхо(хох намояндагон ва ё мачлисхои махалли) шахсони лаёкатманд ва чавонони босаводу чахонбиниашон васеъро пешниход(ба иззати дигар намерасам) ва интихоб кунем. Чунки бо ин тукма пахшкунии бе мантик хеч вакт давлат пеш намеравад.

Адолат
Чаро хизби Нахзат пирони барчомондаро ба номзади пешбари мекунад? 82-сола, охир як пояш дар лаби гур аст.Ё ин хизби пиронсолон аст? Сар карда аз Ойнихол Бобоназарова.

Шумо ба ин сарлавхаи макола нигох кунед. чи гуна пастзании Президент. Мазмуни макола тамоман дигар аст.

шогирд
Холназар,],хамин саволхо ва чавобро ки омухтаги ба шумо хамин пири доришбдагис боз мегует ин устоди мо не шумо имруз аз устод руй гадонидиед погох аз падари хнии худ руй мегардонед хайфи илми ин пирихрадшавед

Бе гараз
Биен мусафеда гам натен, мазаш нест, чашмош намебина, ма да хамсоягиш зиндаги мекнм, масофаи аз хонаи боби Холак то масчида 40-50м аст хато то масчида барои гузоштани намоз намеоя .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)