Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Журналистон инъикоси раванди буҷаро меомӯзанд

23 сентябр 2011, 10:56

«Шаффофияти буҷа ва ВАО: мӯҳтаво ва қолаб».


Таҳти ҳамин унвон дар Душанбе давраи омӯзишии дурӯза сурат мепазирад.

Ба «Озодагон» аз Институти «Ҷомеаи Кушода» - «Бунёди Мадад», ки созмондиҳандаи семинар аст гуфтанд, ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Иштироки шаҳрвандон дар равандҳои буҷавӣ, шаффофияти буҷа”-и барномаи «Худидораи маҳаллӣ» баргузор мешавад.

Ошно кардани журналистон бо равандҳои таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ аз ҳадафҳои аслии чорабинии мазкур унвон мешавад. Ҳамчунин ҳангоми тренинг журналистон механизмҳои ҷалби шаҳрвандонро дар раванди буҷа ва таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ меомӯзанд.

Ахмат Мадеюев ва Любов Тен, коршиносони Маркази технологияҳои ҷамъиятии Қирғизистон  ба сифати тренер дар ин семинар даъват шудаанд. Барои ширкат дар омӯзиши мазкур журналистоне, ки таҷрибаи инъикоси масоили иқтисодиро доранд, аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон даъват шудаанд. Семинар аз 29 то 30 сентябр дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии  «Вафо» доир мегардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!