Бахшҳо
30 янв 2015 12:04Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми январ бо баргузории ҷаласаи ҳукумат масоили рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президент ба парлумон зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд: “Нақшаи мазкур аз 74 банд иборат буда, дар он, аз ҷумла, доир ба таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои идоравӣ барои омӯзиш ва иҷрои нишондодҳои Паём, Соли оила эълон намудани соли 2015, таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва чорабиниҳои зиёд барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии беш аз 200 000 ҷойҳои нави корӣ дар соли равон пешбинӣ шудаанд.”

Ба итилои манбаъ дар пайи ин ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин санаи фархундаи таърихӣ, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҷойҳои кориро вусъат бахшида, рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намоянд.

Дафтари матбуоти раисиҷумуҳр илова кардааст, ки инчунин як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар дар назар аст.


АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси таъсироти манфӣ аз хориҷ дар ҷаласаи ҳукумат
Мӯҳр
хамоно ки чехрахои пешина

Истиклол
Чавоб ба лоик, чехраи худатонро мехостед бинед. Барои ин хизмат кардан даркор, мехнат кардан даркор

бекор
200 000 чои корри ташкил накунед кувваи баркро дихед чои корри мо таер аст

ин халки мо кай ШУКРОНА гуфтанро ёд мегирифта бошад.

искандар
Иқтисоддонҳои босаводи маслакии сатҳи ҷаҳониро аз зиндон озод кунед, вазъи иқтисоди иҷтимоии халқи тоҷик дар муддати кутоҳ тараққи мекунад.

чавоб ба Лоик, барои чехрахои нав бояд тагохо дигар бошанд. ман низ мехостам он чо бошам гарчанде захмати халол мекунам, ва мехохам кишварамро ободу тинч ва одамонашро серу пур ва хеч гох камбагал ва талбанда надошта бошад,вале мутаассифона ман як одами бе таго ва чугрофия не тот. ва захмати маро онхо ба назар намегиранд, чунки хешу таборхояшон аз хад зиед ва навбати ман аник намеояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)