Бахшҳо

Халифазода: Иброҳимов дар боздоштгоҳи Душанбе аст (ВИДЕО)

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, Мақсуд Иброҳимов феълан дар шаҳри Душанбе дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Муҳаммадризо Халифазода, масъули Додистонии кул, имрӯз, 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, алайҳи Иброҳимов ба иттиҳоми экстремистӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти он аз ҷониби Вазорати умури дохилии Тоҷикистон идома дорад.

ВИДЕОИ суҳбати Халифазода дар бораи Мақсуд Иброҳимов

Қаблан хабар дода шуд, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Маскав аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудааст. Расонаҳои Русия 21-уми январ аз қавли вакили мудофеъ -- Николай Николайев навиштанд, 5 нафар, ки миёнашон шахсе бо либоси низомӣ низ будааст, бо баҳонаи тафтиши Хадамоти федералии муҳоҷират ё худ ФМС ба манзиле, ки Иброҳимов баъди мураххасӣ аз беморхона он ҷо иқомат доштааст, ворид шудаанд: “Онҳо сарфи назар аз эътирози наздикон Иброҳимовро савори мошин карда, бо худ бурдаанд.”

Николайев гуфта буд, дар пайи ин қазия афроди номаълум тариқи телефон ба наздикони Иброҳимов хабар додаанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард ва рӯзи дигар метавонанд дар Тоҷикистон ба ӯ либосу дигар лавозимотро бурда диҳанд. Мақомоти пулиси Маскав аз ин қазия изҳори бехабарӣ карда, гуфтанд, дар мавриди ҷои будубоши Иброҳимов иттилоъ надоранд.

Мақсуд Иброҳимов шоми 26 ба 27 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Ӯ, ки дар ҳамоишҳои эътирозӣ дар Русия истеъфои ҳукумати феълии Тоҷикистонро талаб мекард, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуд.

Мақсуд Иброҳимов инчунин узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” арзёбӣ мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, созмони мамнуи “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.
Мӯҳр
ikrom
Хаминхо ахмаканд медонанд, ки хукумати точикистон муздури рус аст боз дар русия фаолияти сиёсиро огоз мекунанд!

tj
Чи чои бахс Мухолиф окибаташ Зиндон аст
Дар хама Давлат ин Гуна мухолиф хаст ва дар
Чусту чу хастанд. Мухолифи ватан кам бошад.
Ба фоидаи мо аст.

Холо хам дер нашудааст. Аз Русия бароед равед, ки ин давлат шахсро шахс хисоб наменамояд ва ба манфиати Русия ин хаст,. Инро фаромуш накунед дустон. Русия холо дар назди чомеъаи байналмиллали барои ингуна амал нисбати бисёрихо, аз чумла нисбати Искандаров ва ин бародари Иброхимов чавоб хохад гуфт.

Fариб бача
Kapash dud kadagiyay. Bechorara oli murdanak zadestan.
ЧароFи зулми золим то дами махшар намесузад,
Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)