Бахшҳо

Даъвати Абдулқодирзода барои истифодаи беғараз аз дини Ислом

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон сокинони кишварро ба истифодаи беғаразу холисонаи дини мубини Ислом даъват кард.

Абдулқодирзода рӯзи 30 январ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “Ислом дине аст, ки агар мақсадноку беғараз ва софдилонаву холисона истифода шавад, шахсро саодатмандтарин инсон ва малоикаи рӯи замин мекунад.”

Ба гуфтаи ӯ, агар дин аз рӯи ғараз истифода шавад, ба як заҳри кушанда табдил ва боиси хунрезию таркишҳо хоҳад шуд. Даъват барои истифодаи беғаразонаи дин аз сӯи раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ӯ дар як суҳбати худ бо сокинони минтақаи Кӯлоб аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хоста буд, дар таблиғоти интихоботии худ аз боварҳои динии мардум сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идомаи хутба ба шарҳи омилҳои даст ба танфурӯшӣ задани занону духтарони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пардохта, гуфт, он солҳо бонувон барои раҳоӣ аз гуруснагию марг фоҳишагӣ мекарданд: “Дар ҳамон нооромӣ зеботарин духтарҳо барои раҳоӣ аз ҳалокат ба кӯчаҳо баромада, танфурӯшӣ мекарданд.”

Ӯ сулҳу субот ва оромиро неъмати бузурги илоҳӣ дониста, аз сокинон хост, ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистон бирасанд. Раиси Маркази исломӣ афзуд, “Худо шоҳид ҳаст, ҳашт соле дар хориҷ таҳсил доштаму ҳоло сафарҳо мекунам, мебинам, ки ҳар кишваре ноором аст, бо сокинони онҳо дар берун мисли ҳайвон муносибат мекунанд. Ватани ором надоранду сафорати сиёсатдор, ки аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунад, ба мисли як ҳайвон бо онҳо муносибат мекунанд.”
Мӯҳр
муосир
Ман чонибдори суханони шумо хастам

muhojir
Мухтарам ozodagon аз ту хохиш мекунем суханхои ин шахсро чоп накун хонандагонатро аз даст медихи! Ин шахс танхо фармудаи макомотро ичро мекунад

Муслим Кулоб
786
Хтон ки хам гаразнок аз дин истифода дорену хам ба фоидаи сиёсат, киро фифтаистоден, хорич хондаги.
Ин чумла
“Ислом дине аст, ки агар мақсадноку беғараз ва софдилонаву холисона истифода шавад, шахсро саодатмандтарин инсон ва малоикаи рӯи замин мекунад.” дин инсонро малоика намекунад ХОРИЧХОНДАГИ ВА ДИДАГИ, одам одам асту малоика хам малоика,
Дин ва кавонини дини риоят шаванд, инсон ба болотарин макоми мавчуд баъд аз Хактаъоло мерасад. Инсонро Худо халифатуллох (чонишини Худо)ном кард, ин чонишини ба даст намеояд магар бо риояти дастуроти дини мубини Ислом. Хар еас кабул накунад кофир бар Зоти поки Аллох аст, чояш дузахт абади. Васалом.

и муфтии дарбории

Тамоми гуфтахои ин Хазрат баракси хол АСТ.
Дар солхои чанг ,ки мегуяд фохишаги мекардард занхову духтархо ? Чаро Хазрат дуруг мегуед бо хамон риши сафедатон ?? Як маротиба ба кучахои шахр баромада баьди шом Гузар кунед.
Баьд бинед, ки кадом солхо фохища зиед будасту шудаст...
Пушти консулу сафоратхонаи Точикистон одамхури АСТ дар ин хавои сард мардум аз соати шаши субх омада очират меистанд аммо касе ба додашон намерасад на хамон скфотархонаи гуфтаи шумову на хамин хукумати озодаи шумо.
Бисер асабони мешавам вахте Як бехабаре ба МО таьлими зистан медихад чигуна зисту Киро шукронаву Чиро пайрави карду Киро гуш кард.
Мухточи насихат хаст ин домулои насихатгар худаш.

ин хазрат намедонад ки милион сокинони мо дар россия дар хамин холанд

Муслим Кулоб
786
Ма мехо хохиш кунам ки хатто чузиёти гапои ин намуд мансабдоронро нависед,
чаро? чун ки ман ва тамоми миллатам ва чавонони ин сарзамини бо аслу насаб ва таърихи илмии воло дошта, бидонанд ва хакки мост ки бидонем инхоеки бар сари мо мансабдоран ва масуланд, бифахманд ки инхо кия чия, олиман ё чохил, дустан ё душман, ходиман ё хоийн.
Хело коратон хуб ва тахсинбарангез аст, ташакур, бозам нависену нависен, Худо дар каламатон, ва саломати ва коратон, баракат тияд, душманонатонро Худо кур кунад.

Ма мехо хохиш кунам ки хатто чузиёти гапои ин намуд мансабдоронро нависед,
чаро? чун ки ман ва тамоми миллатам ва чавонони ин сарзамини бо аслу насаб ва таърихи илмии воло дошта, бидонанд ва хакки мост ки бидонем инхоеки бар сари мо мансабдоран ва масуланд, бифахманд ки инхо кия чия, олиман ё чохил, дустан ё душман, ходиман ё хоийн.
На зулм кунед на зулмро бипазиред, ин аст фармон ва дастури шариат, бародаро. Васалом.Муслим Кулоб,
Муслим Кулоб,

Сулху ороми бехтарин неъматхои Иллохи мебошанд Хой мардум. Агар давлат дуняви не балки исломи бошад дар он давлат хатман миёни шиахову сунихо мухолифату нофахмихо ба вучуд меоянду хунрези сар мешавад. Ба кадоме ин сулху оромии Точикистон хуш нест равнду дигар барнагарданд ба Точикистон.рахму шафкат мехрубони хайрхохи хайркори дар Ислом дар чойи аввал меистанд. Аммо мардуми бефахм инхоро бартараф намуда ру а суи чиход мезананд. Агар кас максад дошта бошад, ки розигии Аллохро ба даст орад дар бораи хунрези дар навбати охири охир сухан мегуяд. Дар рохи хайрхохи ва хайркуни чиход карда шохид шав албатта ба чаннат мераси! Ин ку якин аст. Пас чаро мардум инро аз мадди назар дур карда даст ба куштани мардум мепардозанд????? Чавоб яктост хайрхохию хайркори рохи мушкил аммо одамкуши осонтар. Вой Афсус ба мардуми нофахм.

Саид
Чаноби Сайидмукаррам чароки шумо дар чомеа кадру манзалат пайдо намекунед , дар холе ки худатонро хизматгори дин мехисобед ва мегуед: “Ислом дине аст, ки агар мақсадноку беғараз ва софдилонаву холисона истифода шавад, шахсро саодатмандтарин инсон ва малоикаи рӯи замин мекунад.” Аз харки суол куни нисбати шумо норозиги баён мекунад. Пас маълум мешавад, ки шумо хам дар ДИНИ ИСЛОМ то хол хизмате накардаед!

сангахмад
Асаломуалайкум чаноби Абдулкодирзода аз шумо хохиш дорам ки дар масъалахои фикхи гапзанед на дар масалахои сиёсиву палитики

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)