Бахшҳо

Додситони навтаъин: Мардуми тоҷик метавонад, осуда хоб кунад

Юсуф Раҳмонов, ки ҳафтае пеш ба ҷои Шерхон Салимзода, додситони генералии Тоҷикистон таъин гардид, имрӯз, 30-юми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, мардуми кишвар метавонанд, осуда хоб кунанд, чун мақомоти тоҷик тавони истодагарӣ бар зидди таҳдидҳо ба оромии кишварро доранд.

Раҳмонов, ки дар гузашта ба ҳайси Сарпрокурори низомӣ низ кор кардааст дар шарҳи сарусадо оиди ҷангиёни исломӣ, ки гӯиё дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанду "баҳори гарм" ташкил карданиянд, қатъиян таъкид намуд, ки артиши тоҷик ҳар ҳуҷуму таҷовузгарро, аз кадом тарафе набошад, бозпас хоҳад гардонд: “Мардуми Тоҷикистон метавонанд, осуда хоб кунад.”

Дар мавриди таҷаммӯи ҷангиён дар Афғонистон додситони генералии нави Тоҷикистон илова кард, ки дар ин кишвар солиёни зиёд ҷанг аст ва агар таҷаммӯе ҳам бошад, омада боз мераванд: “Мардум осуда бошанд, ягон замина барои ташвиш вуҷуд надорад.”

ВИДЕОИ суҳбати Раҳмонов дар бораи хатарҳо

Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон чанде қабл дар посух ба суоли “Озодагон” иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди “баҳори гарм” ба кишварро тасдиқ кард: “Воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”

Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд: “Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди дарёфти иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем.”

Аз ин пештар Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи беш аз 4 ҳазор ҷангҷӯй дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”

Аммо Мир Наим Ҳайдарӣ, фармондеҳи хадамоти марзбонии шимоли Афғонистон таҷаммӯи ҷангҷӯёни исломиро дар назди сарҳад бо Тоҷикистон рад кардааст. Ҳайдарӣ дар шарҳи изҳороти мансабдорони воломақоми Тоҷикистону Русия оид ба таҷаммӯи ҷангҷӯён дар назди сарҳад бо Осиёи Миёна ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ин изҳорот асос надоранд. Ӯ таъкид намудааст, ниҳоди зертобеяш ният дорад, бо мақомоти Осиёи Марказӣ табодули иттилои фавриро ба роҳ монад. Вай афзудааст, ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар дошта, бо ҳамтоёнаш масъалаи табодули иттилоъ ва баргардондани марзбонони рабудашудаи тоҷикро баррасӣ намудааст.
Мӯҳр
Рахмон Юсуф авалин суханашро барои орому осудагии халк гап зад Иншоаллох хамааш хуб мешавад.Барори кор бехтарин фарзанди баномуси Точикистони азиз.

ШУМО БАХУЗУР БОШЕД РАИС, МО АЗ СОЛИ 1992 ИНЧОНИБ ХОБЕМ. АЗ ХЕСТАН МЕТАРСЕМ, ХОБЕМУ ХОБ

Монед, ин гапхои хавоитона, чаноби прокурор! Агар базаи харбии россия набошад, ун чангиён барвакт дар таги бинитон мегаштан.... Зуртон расад, аккалан хамон сархадчиёни точика, ки "хезумчини" рафта, асир афтодаанд, халос кунед. Айд аст, охир. Россия 100 сол дар сархади мо бо Афгонистон истода, ягон маротиба ба чунин казия наафтода буд.))

Дар ин 23сол шукр намекунед Аллохи мехрубон инкадар тенчиву оромира овардаст ин як неъмати Парвардигор аст шукр кунед, ношукри накунед. Рохбарони давлат ин кадар мехнат карда истодаанд барои мову шумо ки орому осуда бошем,ИншоАллох хамааш нагз мешавад бародаро дуо кунед дар хаки Рохбарони давлат.Парвардигор хамавакт Рохбарони давлати моро дар панохи исматат нигох дори ба халку ватани худ хизмат кунанд омин.Баъзе давлатхоро бинед ба монанди баъзе шумо ношукри карданд Ирок Сурия Ливия ахволашонро бинед чигуна аст.
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Гар накуни аз кафат берун шавад.
Шукри Аллох ки чунин Рохбарои бехтаринро дорем барори кор ба шумо Рахбарони давлати мо.

Ватаншо
Барзу. ШУКРОНА марди худатро маълум накарди! азхобу бедории туву аскарони урус чи фоида всёровно ту баринхо ору номус надоранд гапфурушу мансабталабанд

Адолат
акаи Раҳмонов солҳост, ки аз бекориву беадолатӣ ва надоштани ҷои кори муносиб (се диплом) дорам, (география ғайри данғара) аз осуда хоб кардана безор шудем ба хазор касали гирифтор шуда маънии зиндагиро гум кардем аз худо мехоҳем, ки ҳар чӣ тезтар ҷони моро бигирад, дигар тоқати беадолатӣ ва худхоҳии мансабдорони бесаводи қаллоби ғайритоҷикро надорем.

Мурат
Америка ва Европаю Русияву Азия зурашон нарасидестай айба намедони мегуй беташвиш хоб кнен.Як узбакистонак кати зуртон намераса бо вохима кадестен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)