Бахшҳо
31 янв 2015 11:44Тоҷикистон / Сиёсат

Маскав интиқоли низомиёнро аз Тоҷикистон ба Украина рад кард

Вазорати мудофиаи Русия интиқоли беш аз 3 ҳазор низомии пойгоҳи 201-ро аз Тоҷикистон ба сарҳади Украина рад кард.

Ярослав Рашупкин, намояндаи ҳавзаи ҳарбии марказии Русия, ки пойгоҳи 201 дар тобеияти он аст, изҳор доштааст, ки “ин хабар бофта буда, ба воқеият рост намеояд.”

Қаблан оҷонсии “Тоҷнюс” аз қавли манбаи муътамадаш изҳор дошт, ки интиқоли ҳудуди 3 ҳазор низомӣ аз пойгоҳи 201 ба сарҳади Русия ва Украина дар мулоқоти Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия бо Владимир Затруднитский, фармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавзаи марказии Русия ва фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия, Евгений Тубол баррасӣ шудааст. Хабар дода шуд, ки ба ҷои низомиёни интиқолдодашуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хидмат ҷалб хоҳанд шуд.

Пойгоҳи 201, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбеи Тоҷикистон мустақар аст, калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар арзёбӣ шуда, беш аз 7 ҳазор нафарро фаро мегирад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба ин пойгоҳ бештар хоҳад шуд. Қаблан пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо маҷмааи мутаҳаррики тирандозӣ маъруф ба “ПСО-Р”, дастгоҳи мушакии “Град”, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотники”-и навъи “Леер”, “Гранат”, “Застава” ва инчунин “Урал”-ҳои нав таъмин гардид.
Мӯҳр
3000 ша не хамаша бубара мо хафа намешем баръакс хурсанд мешавем лекин дар хаеташ хеч чой намебарашон якум ин ки бурда боша хам хапу хомуш баъди чаги укроин боз меорашон!

Мухаммад
Ба ин акс хуб диккат кунед! Хандаи пур аз дуруг миллатгарои ва вахшат.

зинда бошед, агар шумо бошед мо дар амн хастем. пойгохатонро дар тамоми дуне гузоред хам мо рози. илохо тамоми дуне тахти зери шумоен бошад.

Масъуд
3000-ша баран мо хурсанду ба фикрум 3000-и дигар оварданиян...

беном
хамаш ин суханхои дакик нестанд ва..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)