Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» дар коргардонии Нозим Меликов иштирокчии 7-умин ҷашнвораи театрҳои миллӣ хоҳад буд.
Ин фестивал фардо, 24 сентябр дар Афғонистон ба кори худ оғоз мебахшад ва то 27-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард. «Шабе дур аз Ватан» намоишномаи театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Вохидов аст, ки бар пояи ашъори шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир таҳия шудааст. Намоишномаи мазкур дар фестивали театрҳои касбӣ- «Парасту-2011» сазовори ҷои дуюм шуда буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр