Аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, ки субҳи дирӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» Абдуғанӣ Холмуродови 21 сола аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Спитамен ба ҷониби ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дар гардиши роҳи нақлиётгарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Чанок дар километри якуми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба поябитони дарвозаи даромади ноҳияи Ҷаббор Расулов бармехӯрад.
Дар натиҷаи ин ҳодиса се мусофири мошин- Беҳрӯз Харипови 14 сола, Исроил Харипови 28 сола ва Ҳомидҷон Харипова 39 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар касалхона ба ҳалокат мерасанд. Ронанда ва мусофирони дигари нақлиёт Хуршед Каримови 21 сола ва Бахтиёр Махакови 36 сола бистарӣ гардидаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр