Мушкилоти кӯли Сарез ва роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои обии он баррасӣ мешавад.
Зимнан аз 26 то 28-уми сентябр дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмиву техникии «Кӯли Саррез-100 соли мавҷудият, ҳали мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои обии он» баргузор мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ дар рафти чорабинӣ тарзи дурусти истифодаи захираҳои обии кӯли Сарез ва ҳали мушкилоти ҷойдошта ба баррасӣ гирифта мешавад. Гуфта мешавад, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани конфронс ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ба хусус раиси кумита Ҳайбуло Латипов қаблан бо мутасадиёни ҳамоиш супоришҳои мушаххас додааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр