Бахшҳо

Омӯзгори тоҷик дар Русия: Вақте фаҳмиданд, ки ман тоҷикам...

Лола Қосимова, як омӯзгори тоҷик, ки дар синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи шаҳри Самара ба тадрис машғул аст, муносибати мардуми рус ва фарқияти хонандаҳои тоҷик аз русро шарҳ додааст.

Қосимова мегӯяд, дар пайи он ки шавҳари низомияшро ба Самара интиқол доданд, ӯ низ бо фарзандонаш ба ин ҷо омад ва дар аввал ба ҳайси хазиначӣ дар мағоза ба кор пардохт. Баъдан директори мактаб аз писараш фаҳмидааст, ки ӯ омӯзгори забони русист ва барои суҳбат ба мактаб даъват кардааст. Ба ин тартиб, Лола пас аз суҳбат бо раҳбарияти мактаб ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба кор шурӯъ мекунад, чун таҷрибаи бойи кор бо кӯдакони синфҳои поёнӣ доштааст: "Вақте волидони донишомӯзони мактаб хабар ёфтанд, ки ман рус нестам, хостанд фарзандони худро ба синфҳои дигар баранд, вале бо гузашти замон ин вазъ тағйир ёфт. Падару модар мебинанд, ки ман натанҳо дарс медиҳам, балки бо фарзандонашон дар вақти танаффус дар саҳни мактаб ба бозӣ ва дигар машғулиятҳо мепардозам. Ин кори ман волидон ва ҳамкоронамро дар ҳайрат мегузорад".

Ин омӯзгори забони русӣ, ки қаблан дар Душанбе ҳам ба хонандаҳо дарс гуфтааст, ба хабарнигори бахши русии "Озодагон" -
Маина Шварс
гуфт, кори омӯзгорӣ дар Самара бамаротиб осонтар аст, чун як синф на аз 45, балки аз 25 хонанда иборат аст.

Ба ақидаи Лола Қосимова хонандагони макотиби миёна дар Русия аз Тоҷикистон фарқ мекунанд: “Дар Русия кӯдакон ба ин одат кардаанд, ки онҳо барои падару модарашон “маркази ҷаҳон” маҳсуб мешавад ва ба ин хотир худро аз ҳар чизи дигар муҳимтар мепиндоранд. Аз тарафи дигар оилаи дорои ду ё чанд кӯдак каме худхоҳ ба воя мерасанд”.

Лола мегӯяд ду сол аст, ки дар Самара зиндагӣ мекунад, вале худро то ҳол маҳаллӣ эҳсос накардааст, “барои ман ворид шудан ба ҷомеаи рус мушкил аст. Ин мушкил дар кори ман ҳам таъсир дорад. Ман ба кӯдакон ёд медиҳам, ки набояд ҷузвдонҳои худро ба модаркалонҳои солхӯрда, ки ба пешвозашон меоянд, бидиҳанд, балки худашон бигиранд ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба калонсолон ҷой бидиҳанд. Ин чизҳо дар Русия он қадар роиҷ нест.”

Лола Қосимова илова кард, “фарзандони маро аз миллаташон мепурсанд ва вақте аз тоҷик буданашон бохабар мешаванд, мегӯянд, волидайни шумо дар бозор кор мекунанд? Ҳангоме аз фарзандонам мешунаванд, ки “на, модари ман муаллимаи забони русӣ аст” ҳайратзада мешаванд. Ва ё ҳангоме ки мефаҳманд ман муаллимаи забони русиям бовар намекунанд, ки миллатам тоҷик аст.”

Ин омӯзгори тоҷик изҳор медорад, бо вуҷуди чанд соли фаъолияти омӯзгорӣ дар шаҳри Самара, бо даст додани фурсат омодааст ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ мегӯяд, дар Душанбе наздикону дӯстон ва хотираҳои хуше дорад: “Айни ҳол дар заминаи омӯзгорӣ таҷриба меандӯзам ва бо фароҳам шудани шароит бо ҳамкоронам дар Душанбе табодули таҷриба мекунам.”
Мӯҳр
Ин Миллат Инсодуст Нест Барои Хами Бифши Ссср Давлатхо Нагзнамебинашон.Шмо Брен Дар Ватани Худамон Коркнен Ояндаи Миллата Ватадуст Бикунен.Серавно Долар Хестесай Расияа Оянда Нвдора

Бовар кунед ё накунед, ин русхо хаёл мекунанд, ки мо аз хамаи чизи дунёи кафо мондаем, вале дар байни худи онхо одамоне хастанд, ки кади синфи 1 савод надоранд.

Мо то ба чи хад нузул кардаем, ки русхо бовар намекунанд, точик метавонад муаллими забони руси бошад? Вой бар мо! Оё мо хам миллатем?!

Dev
А. Рустам,
Hudkardaro davo nest ,vovajloi pinhoni!!! Kismi azami tojikon kushish mekunand tojiki hudro past zanand, pachak kunand, rusijoh binand, ba hamin hotir dar nazdi digaron mo beobruem!Mo hamon vakt millat meshavem agar hamdigaramonro hurmat karda tavonem!

Вакто, ки онхо бо таачуб мепурсанд! Точикдухтар муаллима аст, ин худ гумрохию бесаводии онхост. Шумо озурда нашавед, вакт довар аст хама чизро дар чои худ мемонад.

Офаринатон апаи Лола! Хеле хурсанд шудам, ки ҳамватанам дар кишвари хориҷа бо ин роҳ тамсили миллати хеш мекунад. Фарҳанге, ки имрӯз аз даст додаем, шукр, ки дар баъзе аз афроди бомаърифат ва баномус ҳоло ҳам зинда аст.
Рус дар бораи мо ҳарчӣ фикр дошта бошад, айби худамон аст. Вақто тайи 20 сол рафта таги пойи вайро мерӯбиву ҳаммолӣ мекунӣ, мебахшеду ин ҷо айби рус нест, ки дар бораи фарҳанги мо бадгумонӣ мекунад. Тамсил муҳим аст!

Ахсан
Худованд илматона зиеда гардонад апаи Лола. Медонед барои чи русхо вакто мефахманд, ки муаллимаи забони руси точик аст, дар хайрат мешаванду бовар намекунанд, чунки грамматикаи руси душвор аст ва хатто худи русхо душвори мекашанд ки грамматикаро хуб аз худ кунанд ва баъзеяшон хуб намедонанд барои хамин. Илова бар ин точиконро ки писанд намекунанд хайел мекунанд точикон бесаводанд. Хеле хуб мешуд ба ватан бармегаштеду барои фарзандони мо захмат мекашидед. Худованд нигахбони хамаи мухочирон бошад ва баракаташон дихад.

Апашка боре дидаед, ки кабутар сафеди зебо ба галаи зогон хамрох шудааст? харгиз равган ба об намепечад зеро об онро мешуяд, аммо фирмекунам онхоро чандон ки гуед боз сиёхтар мешаванд, зеро денашон дигараст ин исломи мост, ки моро барои хурмату эхтироми калонсолон ё чинси латиф меомузад. боки саломат бошед

Шоҳид
Бовар кунед, аксари ҷавонони тоҷики дар Русия кор мекардагӣ, алалхусус ҷавонони деҳотӣ бесаводу камақл буда, зирак низ нестанд ва ин ҳолати тоҷикҳоро русҳову миллатҳои дигари Русия бевоситаву бавосита хеле хуб дарк кардаанд. Аз ин лиҳоз вақте тоҷики доноро вомехӯранд, ангушти ҳайрат мегазанд.

По отношению к Марине: Она на меня обижена и ревнует меня, возможно, что и не уважает. Не уважает по причине того, что я прощал ей ее измены, взял ее ребенка из детского дома (т.е. пошел против ее воли), также из за обид которые возникли между нами в течении совместной жизни. Также из за того, что я выбрал еще одну женщину и дал жизнь еще одному ребенку от другой жены Чувство ревности, обиды, низкая самооценка Марины вылилось в месть по отношению ко мне. И чтобы восстановить справедливость или баланс в наших отношениях, она стала настраивать против меня нашего общего ребенка. Показывать мне мой слабохарактерность. я при возникновение скандала уходил от конфликтов, и вполне возможно, что это тоже некое проявление моей слабости для нее). В результате Сыну проще было принять сторону Мамы - Марины, чем сказать Маме: Это твое с Папой дело и разбирайтесь без меня, но он предпочел позицию: Мама, мы вместе будем сопротивляться Папе. Что конечно вызывает внутренний конфликт в вашем сыне (между той стороной которая относиться с Маме и той стороной, которая относиться к Папе) И тогда мне, чтобы вернуть сына к себе. я могу пойти либо через Марину, , договориться с ней и удовлетворить все ее пожелания и тогда расслабиться она и следом расслабиться и сын по отношению ко мне, либо второй вариант: Взять сына и вместе с ним поработать, или заняться какой - либо общей деятельностью (чтобы создать контакт, эмоциональный контакт с сыном), также свозить сына к своим корням, к своим родителям, к могилам своих предков, рассказать о славной истории своего рода. Таким образом сын сможет увидеть, что он часть всего этого и от этого уже не спрячешься и не укрыться. Это то, что есть и этого не изменить. я также могу сказать сыну, что: Чтобы между мной и мамой не происходило, это только наше! Тебя это не касается! Ты маленький, а мы большие! Для тебя, мы, как родители всегда вместе!
И это покажет сыну его место, место младшего в ваших взрослых отношениях. Место, где нет конфликта между мамой и папой. Место, где есть спокойствие!

У меня есть также самый младший сын, которому 5 лет и вполне возможно, не сейчас а чуть позже, стоит привлекать к воспитанию своего среднего сына, Так как по отношению к младшему сыну, он является старшим. И может вполне о нем заботится! И Это тоже правильно, так как старшие должны заботится о младших! А старшим от младших нужно Уважение и то, чтобы их чтили и соглашались с ними.

Иногда детям важно показывать их место детей, так как дети любят считать себя взрослыми и брать на себя взрослые задачи (по отношению к родителям) - это потом плохо сказывается на детях... на их успехе и их реализации в жизни. Дети должны брать ровно столько, сколько смогут унести, большее им только вредит!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)