Бахшҳо

ВИДЕОИ пурраи "Ривояти Шайх Темур” ё “Маҳдии охирзамон”

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми имрӯз, 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Таҳиягарони ин филм мегӯянд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”

Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин филми мустанад аз мошинбӯсӣ то саҷдакуниҳо ба “Шайх Темур”-ро хилофи шариати исломӣ мегӯяд.

Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.

Гузоришгари телевизион аз доираҳои руҳоният интиқод мекунад, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз кирдорҳои раҳгумзанандаи "Шайх Темур" ошкоро алайҳи куфру ширки ӯ садо баланд накардаанд: "Инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тӯли чандин сол қаллобиҳои зери пардаи дин пинҳоннамудаи Сатторов Темурхонро назора карда, хомӯширо авлотар донистаанд. Ва ҳатто алоҳида намояндагони соҳаи савдои давлатӣ хешро муриди ӯ хонда, кумаки молии хешро аз ӯ дареғ надоштаанд".

Шоҳидии “Шайх Темур”, иқрори муридон, нишондоди ҳамсар, суолу ҷавоб бо уламо ва шарҳи муфтии Тоҷикистонро ба таври муфассал дар навори зер тамошо кунед:


Мӯҳр
рости гап вактхои охир ба озодагон чи шуда бошад, ки таклид ба ТВТ дорад. О хуб намешуд, худатон ба хамон навохи рафта нукта назари худи хамон мардумро инчо мекоштед..

Хакикатчу
мухтарам бинандагони шабакахои ТВ-хои Точикистон хохиш мекунам ки бедуни таасубият ва якчихата масаларо халлу фасл нанамоед ки ин саргузашти нохуб ба сари хар яке мо ва шумо бо роххои гуногун ва рангхои мухталиф сарозер мешавад.....ман на тарафдори ин хастам ва на тарафдори дигараш факат хакикатро дида сипас бахо дихед....дар хамачо овоза кардан ки ин даъвои Пайгамбари кардааст вале аз дахони худ инро икрор нанамуд сипас ин гап дуруг будааст....дувум инки дар аходис ва осор омадааст ки аз оби тахорати Пайгамбар мардум табаруки мекардан бо харрохе ё нушидан ё молидан....ва дар бораи саллааш дар кишвархои гуногуни дунё рангхои сиёх сафед ва сабз интихоб менамуданд ин ягон боке надорад....дар бораи зангириаш шаръан мухолифи конун накардааст агар рафтаву 15 сола гирифта бошад пас дурустаст вале аз нигохи конуни ТЧ хилоф аст, талок кардан ин як амри вочиби нест ки бо зане нахости бимони метавони Талок куни ягон гунох надорад....Модари Муминон хазрати Оиша бо Пайгамбар дар синни 9 номзад ва дар синни 11 солаги якчо шуд сипас амри банда хилофи шариат нест....руй пушондан аз хар гунахкор ва нопок ин вобаста ба вичдон ва рафтори шайх марбут хаст на ба дин сипас масала ранги дигар дорад....чун мавриди интихобот хаст аз дин ва диндорон харос доранд чихатхои махсус супоришхои махсусро ичро менамояд.."Гур сузаду Дег чушад" ин шиори инхо хаст. ба тавре ки даъво кардаан собит карда натавонистанд. боки Худо хидояташон кунад агар сазовор бошанд

Сад дар сад розиам ба ин наворатон ..... Наход дар ин замона хозирам хаминхел одамхои гумрох монда бошанд ... Товба товба --- Ман дар бораи ин мулло фахмида будам ки дар кадом горе,, дар тарафхои Шахринав чилла мешиштааст... Лекин хафт зан доштанашро нав фахмидам ..

Manon
Барои начот аз ин гуна шайтонхо, бояд давлат рохи олимони хакики мисли Эшони нуриддинро боз кунад.
Бо муллохои дарбори хам намешавад.

Аз Президенти мухтарам хохиш дорам,ягон фармоне барорад,ки чунин хайвонхои вахширо чазои сахт диханд,ки инхо аз гурухи инсон нестанд инхо аз хайвон дида бадтар хастанд асри 21 аст вале одамоне ки ба ин хайвонхо бовар мекунанд ман хайрон мешавам,наход ки точики мо инкадар соддаву зудбовар бошад шахсан дар кори инхо ман хайронам Аллохи мехрубон чунин хайвонхои разилро несту нобуд кунад омин.

Ман то хол бовари надорам,ки чомеаи шахрвандии мо ба чунин аблаххо бовари мекунан ва этикод доранд, то кай. Хохони онам ки тамоми шахвандони мо як чахонбинии васеъи динни ва сиёси дошта бошанд ки фиребхурдаи чунин шайххои ифротгар нагарданд.

Бародар Taipen худат хам ба фикрам дасти касеро мебуси.

шукр ки Шайх Темурро капидан 2 тои дигараш монд

илхоми
Бечора занхои азобкашида, баъзе шайххоро хамин гуна монед аз номи исломи поку Худованд суйистифода намуда, чи корхое намекунанд. АААА масъулони марбутта чи кор мекунанд ки инхоро хуйдав мемонанду то ин дарача мардумро фиреб мекунанд.

said,
Бародар Саид...Чуноне ки ман медонам, тибки конун бусидани даст чиноят хисоб нест. Сониян аз даст бусидан-да таъзим кардан пеши хар нокас гунохаш калонтар аст,..Рузи дароз пеши вазиру раис сар хам мекунен хеч гап несту, як бусидани дасти дигарро чашми шумо мебинад)?

Афту башараи ин махлуки пашминро дида хатто дилат бехузур мешавад.Вой бар холи онхое. ки оби тахораташро нушидаанд.

Адиб
Бо хамин кадар реклама Барномаи телевизионии Ривояти Теммур бисёр сатхи пас буд. Факат монем ки ин Телевизион Вохима кунад. пе аз оне, ки Вахима мекунед Як барномаи хуб кунед намешавад-ми

ДИККАТ!ИН ТВ-ХОИ ДАВЛАТИ АЗ ОН МУШКИЛИ ВА КАМБУДИХОЕ НАВОР ПАХШ МЕКУНАНД,КИ ГУНАХКОРОН АСОСАН ШАХСОНИ РУХОНИ Ё МАРДУМИ ОДДИ ХАСТАНД.ЭЙ ТВ-ЧИХОИ ДАВЛАТИ!!!!ЯК БА ДЕХАХОИ КИШВАР ДАР ИН САРДИИ ЗИМИСТОН РАФТА АЗ ХОЛИ МИЛЛИОНХО МАРДУМИ ОДДИ ХАБАР ГИРЕД!!АЗ БЕБАРКИ ДАР ХУНУКИВУ ТИРИКИ КАРОР ДОРЕМ!!РОХХОИ ВАЙРОН,ОБХОИ КАШОНДА!!МАРДХО АКСАР ДАР МУХОЧИРАТ..ИН АЗОБХО 5-СОЛ Ё 10-СОЛ БОЗ НЕ 23-СОЛ! БОЗ ДАВОМ ДОРАД!!!..ЁФТЕД БО КАДОМ НИМСОХТА КОРХО ФИКРИ МАРДУМИ СОДДАРО ДИГАР СУ БАНД КАРДАНРО!!!...КОНУНИ "МАСЬУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР"-РО КАБУЛ КАРДЕД!ДАР ЯГОН КИШВАРИ ДУНЬЁ ЧУНИН КОНУНИ ТАХКИРКУНАНДА НЕСТ!!!

Наворе, ки дируз тамошо кардам дар хайрат мондам. То чи андоза мардум рохгумзада шудаанд, ки ба хар гапу калочаи муллохо бовар мекунанд. Худро дар назди мардум Авлиё, Шайх, Пайгамбари охиратзамон хондааст ва мардуме, ки чашмхояшонро торики гирифта бошад ин амалу рафтори уро надида бошанд ба у бовар кардаанд. Ин Авлиё не Бало пас мегуед, ки барои чи ин кадар Муллохоро ба навор гирифта пешкаши тамошобинон мегардонед. Агар макомотхои давлати ин амалхои зишти хайвонсифатро ба навор гирифта пешкаши мардум намегардонд, ки медонад то охири умраш дар нохияи Шахринав боз чанд духтари мардумро бо воситаи лагандбардорхояш ба никохи худ медаровард. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ин разил фарзандонаш ки хурдсол мебошанд, пас аз марги у чи кор мекарда бошад. Худ казоват кунед имруз дар кишвар сатхи фоишахо меафзояд, ки сабаби асосиаш аз тарафи падару модар духтари худро ба ин гуна муллои мушмонанд медиханд ва баъди чанд вакт уро девона гуфта аз хона меронанд ва фарзандон бероха мешавад.............

САИДЧОН
БИСЁР ХУБ ГУФТИ БАРОДАРИ ЧОРКУҲИ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)