Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Қотили сокинони осоиштаи афғонро 7 сол аз озоди маҳрум карданд

24 сентябр 2011, 05:17

Эндрю Холмс, сарбози қатории артиши Амрико бо иттиҳоми куштори мардуми осоиштаи Афғонистон ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд.


Associated Press менависад, аз он ки Холмс иқрор намуд, ки аз масофаи панҷ метр афғони бесилоҳро бо автомат парронд, прокурор аз додгоҳ 15 соли маҳрумият аз озодиро тақозо накард. Гуфта мешавад, зимни адои ҷазо 499 рӯзи пушти панҷара дар интизори ҳукм нишасти ӯ низ ҳисоб мешавад. Ёдрас мекунем, як гурӯҳ аз сарбозони амрикоиро барои куштори мардуми осоиштаи афғон дар соли 2010 муттаҳам намуданд. Тавре гуфта мешавад, ин афрод ҷинояти худро «барои озмоиши салиқаи варзиши»-и худ анҷом додаанд. Баъди куштор онҳо ҷасадҳоро аксбардорӣ кардаанд. Дар мавриди ин ҷиноят падари яке аз хизматчиёни ҳарбӣ, ки нақли писарашро шунидааст, ба фармондеҳӣ маълумот медиҳад. Дар робита ба ин қазия қаблан додгоҳ Адам Уинфилд ва Ҷереми Морлокро 24 солӣ равонаи маҳбас кард. Муттаҳамин гуфтаанд, ки ин амали ҷиноиро бо раҳбарии сержант Келвин Гиббс анҷом додаанд. Аммо Гиббс то кунун гуноҳро ба гардан нагирифтааст. Ҳукми ӯро алъон эълон накардаанд. Маврид ба зикр аст, ки баъди ба марзи Афғонистон ворид шудани неруҳои НАТО бо раҳбарии Амрико ҷомеаи ҷаҳонӣ аз даҳо мавриди куштори афроди осоишта аз сӯи нерӯҳои эътилоф хабар додаанд. Чандин маврид ҳатто аз тариқи нерӯҳои ҳавоӣ низ сокинони маҳаллӣ тирборон шудаанд. Аммо фармондеҳии НАТО мегӯяд иштибоҳан сокинони осоишта мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!