Бахшҳо

Пахши мусиқӣ дохили автобусҳои “Осиё Экспресс” бояд ба завқи ронанда бошад?

Як хонандаи “Озодагон”, ки худро Ҳақнавоз гуфтааст, бо ирсоли матлабе аз хизматрасонии мусофиркашҳои ширкати “Осиё Экспресс” дар хатсайри Шаҳринав-Душанбе нигаронӣ кардааст. Ҳоло ин навиштаро дар ихтиёри хонанда мегузорем.


“Як замон нақлиёту шароит ва хизматрасониҳои ширкати “Осиё Экспресс”-ро танҳо дар филмҳо медидам ва орзу мекардам, дар шаҳру навоҳии кишвари азизам чунин нақлиёте, ки воқеан ба ҳусни кишвар боз ҳусн зам мекунад, ворид шавад. Билохира, “Осиё Экспресс”, фаъолияташро дар Тоҷикистон оғоз намуд ва нақлиётҳои хурду калони худро вориди Тоҷикистон сохт. Акнун интизори фурсате будам, ки аз хизматрасонии нақлиётҳои ин ширкат истифода бубарам. Ниҳоят рӯзе ба шаҳри Душанбе сафар кардам ва хостам, аз ин автобусҳо истифода кунам. Вақте дохили он гаштам аз ронанда пурсидам: “Бародар, пас аз чанд дақиқа ба роҳ мебароем?” Ронанда гуфт: “Додарҷон, баъди 5 дақиқа”. Аммо 5 дақиқа 20 дақиқа шуд. Мусофирон изҳори норизиӣ карданду ронанда маҷбур гашт, муҳаррики автобусро ба кор дарорад. Аз ин ҷо пай бурдам, ки нақша ва вакти муайяни хатсайр аз ҷониби ширкат муайян нашудааст ва ронандаву ёрдамчии он ҳар кореро хоҳанд, анҷом медиҳанд.

Чизи дигар, ки нороҳатам кард ин буд, ки “Осиё Экспресс” нархномаи тасдиқгардида надораду ёрдамчӣ ва худи ронандаҳо ҳар нархеро хоҳанд, мегузоранд. Танҳо нархи нуқтаи аввал ва нуқтаи охир муайян аст ва нархи масофаи нимаи роҳ ба инсофи ронандаву ёрдамчиаш вобаста будааст. Як замон ронанда хост худашро муаррифӣ созаду ба мусофирон сафари бехатарро орзу кунад. Аз суханронии ронанда ҳис кардам, ки таҳсилдида нест ва ҳар чи ки дар зеҳнаш ояд бе ягон андеша ба забон меорад. Агар аз ин мусофиркаш ягон сайёҳи хориҷӣ истифода кунад, ҳамагӣ дар чанд дақиқа ба саводнокӣ ва одоби гуфтору рафтори мардуми ин сарзамин баҳо медиҳад. Хуллас, ман дар курсии роҳати ин нақлиёт нишаста, воқеан ҳаловат мебурдам то замоне ки дар экрани дохили автобус як суруд бо забони узбакӣ оғоз нашуд. Ба худам гуфтам, шояд завқи ҳама мусофирон ба инобат гирифта шудааст, аммо ингуна набудааст. Ба ронанда кадом суруде, ки писанд ояд ҳамон видеонаворҳоро истифода мебурдааст. Ҳамин тариқ 5 суруд бо забони узбакӣ садо дод ва косаи сабри ман ҳам лабрез шуд.

Аз ёрдамчии ронанда хостам, ягон суруд бо забони тоҷикӣ бимонад. Хоҳиши маро хуб пазируфт ва тағйири фита кард, вале дуруст пай набурдам, ки фитаи туйи домодии худашро гузошт ё аз писари ронандаро. То шаҳри Душанбе туй тамошо карда рафтем. Ростӣ бори дуввуму савум низ аз нақлиёти ин ширкат истифода кардаму ба чунин хулоса расидам, ки чӣ фита гузоштан ба завқи ронанда вобаста будааст. Ҳатто ҷиҳати ахлоқии онро ба назар намегиранду наворҳои нимбараҳнаҳоро зиёд истифода мекунанд. Ман дар назар дорам, видеоклипҳои аврупову амрикоиро. Дар замони муосир, ки ба хусус ҷавонону наврасони мо ниёз ба тарбият доранд, бояд чи дар боғҳои истироҳатӣ ва чи дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳриву байни шаҳрӣ бо истифода аз ғазалу пандҳову видеонаворҳои тарбиявӣ ба мардум ғизои равонию ахлоқӣ дода шавад. Хуб мешуд, ширкати “Осиё Экспресс”, ки зиёдтар ба мардум хизмат мерасонад, аз пандҳову наворҳои ахлоқӣ бештар истифода бубарад ва дар раванди тарбияи ахлоқи ҷомеа саҳми худро бигузорад. Аз масъулини ин ширкат хостгори онам, ки баъди боварии мардумро ба даст овардан, бикушанд то ба ин боварӣ сазовор бошанд”.
Мӯҳр
ташакур, хакнавоз. ман фурсати хаминзамон будам, ки касе пайдо шаваду дар ин масъала чизе бигуяд, дар вокеъ. мо бояд нодида нагирем чихатхои мусбии ин ширкатро аммо ин хатмии аст, ки маводхои ахлокиро истофа бубаранд, дар инчо вазорати наклиёт низ гунахкор аст, ки танзим намекунад, ва вазорати фарханг низ бояд дар росто сахми худро мегузошт

Банда шохиди он гаштам ки хар гуна фитаеро хоханд мемонанд ва аз Турсунзода то Шахринав мусофир намегиранд ва чиптачини он ба истилох кандуктор либоси махсус надоранд расид хам намедиханд ва суръати наклиётрохам аз меъёр зиёд баланд мекунанд фикр намекнанд ки хаёти 43-44 нафар дар дасти онхост ман аз Турсунзода то Чузи аввал 3 сомони меомадам дар рузхои охир нархро боло кардан то 5 сомони хол он ки такси хам ин нарх аст кучост онсоф ин хубаст аммо назорат намебаранд. Нишаста 20 дак интизор шудем моро фаровардан чун то ними рох мерафтем ба чои мо як Душанбе мерафтагиро гирифтан назорат кани ???????

в
Короче боз хамааш точики шуд.

Бародар Бсер Гапхои Рост Гуфти.Одоби Инсонгари Надора Шафиеро Экс Пеерс .Сурудои Милли Мондандаркорай Халк Ватандус Миллатдуст шава.Еки Тарбияви.Аксарияти Халкимо Камсавод хастан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)